Дар нахустин даври марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ)-2021 дар минтақаи Душанбе, ки 25-уми январ оғоз ёфт, чаҳор бозӣ баргузор шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ, дар гурӯҳи «А» дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода тими «Шоҳмансур»-и Душанберо бо ҳисоби 4:1 шикаст дод. Бозии дигари ин гурӯҳ миёни дастаҳои «Кӯктош»-и Рӯдакӣ ва ССКА-и Душанбе бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт.
Дар гурӯҳи “Б” дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ба дарвозаи намояндаи лигаи аввал - «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдат - панҷ голи беҷавоб зад. Дар бозии дигари ин гурӯҳ дастаи «Барқчӣ»-и Ҳисор бар тими «Душанбе-83» бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад.
Ин мусобиқаи анъанавӣ дар ду марҳила – муқаддамотӣ ва ниҳоӣ – баргузор мешавад. Марҳилаи муқаддамотӣ дар се минтақа – Душанбе, Суғд ва Хатлон - сурат мегирад.
Дар минтақаи Душанбе чаҳор дастаи лигаи олӣ ва панҷ дастаи лигаи аввал ширкат доранд, ки бар асоси қуръакашӣ ба ду гурӯҳ ҷудо шудаанд. Бозиҳо дар ин минтақа аз рӯи системи даврӣ дар як давра баргузор мешаванд. Дар натиҷа дудастаӣ аз ҳар гурӯҳ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ, ки моҳи феврал дар Душанбе доир мегардад, роҳхат мегиранд.
Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2021
Марҳилаи муқаддамотӣ. Минтақаи Душанбе
Гурӯҳи «А». Даври 1-ум
«Регар-ТадАЗ» – «Шоҳмансур» – 4:1
Голҳо: Фирӯз Қараев, 14 (1:0). Анушервони Қобилҷон, 23 – аз пеналти (1:1). Парвиз Бахтиёрзода, 29 (2:1). Диловаршо Ғаниев, 59 (3:1). Парвиз Бахтиёрзода, 69 (4:1).
«Кӯктош» – ССКА – 0:0
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) |
1 |
1 |
0 |
0 |
4-1 |
3 |
2 |
«Кӯктош» (Рӯдакӣ) |
1 |
0 |
1 |
0 |
0-0 |
1 |
3 |
ССКА (Душанбе) |
1 |
0 |
1 |
0 |
0-0 |
1 |
4 |
«Локомотив-Помир» (Душанбе) |
0 |
0 |
0 |
0 |
0-0 |
0 |
5 |
«Шоҳмансур» (Душанбе) |
1 |
0 |
0 |
1 |
1-4 |
0 |
Даври 2-юм
28-уми январ (панҷшанбе)
10:30 – «Шоҳмансур» – «Кӯктош». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
14:00 – «Локомотив-Помир» – «Регар-ТадАЗ». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
Гурӯҳи «Б». Даври 1-ум
«Душанбе-83» – «Барқчӣ» – 1:2
Голҳо: Шавкати Ҳотам, 53 (1:0). Асадбек Ҷӯрабекзода, 81 (1:1). Асадбек Ҷӯрабекзода, 90+1 (1:2).
«Ваҳдат» – «Истиқлол» – 0:5
Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 8 (0:1). Шаҳром Сулаймонов, 13 (0:2). Муҳаммадҷон Раҳимов, 21 (0:3). Муҳаммадҷон Раҳимов, 28 (0:4). Хуршед-Темур Ҷӯраев, 89 (0:5).
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Истиқлол» (Душанбе) |
1 |
1 |
0 |
0 |
5-0 |
3 |
2 |
«Барқчӣ» (Ҳисор) |
1 |
1 |
0 |
0 |
2-1 |
3 |
3 |
«Душанбе-83» (Душанбе) |
1 |
0 |
0 |
1 |
1-2 |
0 |
4 |
«Ваҳдат» (Ваҳдат) |
1 |
0 |
0 |
1 |
0-5 |
0 |
Даври 2-юм
28-уми январ (панҷшанбе)
10:30 – «Барқчӣ» – «Истиқлол». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
14:00 – «Душанбе-83» – «Ваҳдат». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ