Марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ)-2021 дар минтақаи Душанбе имрӯз, 25-уми январ, шуруъ шуд. Дар ин бора сомонаи расмии ФФТ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин мусобиқаи анъанавӣ дар ду марҳила – муқаддамотӣ ва ниҳоӣ – баргузор мешавад. Марҳилаи муқаддамотӣ дар се минтақа – Душанбе, Суғд ва Хатлон - сурат мегирад.
Дар минтақаи Душанбе чаҳор дастаи лигаи олӣ ва панҷ дастаи лигаи аввал ширкат доранд, ки бар асоси қуръакашӣ ба ду гурӯҳ ҷудо шудаанд. Ба гурӯҳи “А” дастаҳои “Локомотив-Помир”-и Душанбе, “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, “Кӯктош”-и Рӯдакӣ, ССКА-и Душанбе ва “Шоҳмансур”-и Душанбе ва ба гурӯҳи “Б” дастаҳои “Душанбе-83”-и Душанбе, “Ваҳдат”-и Ваҳдат, “Истиқлол”-и Душанбе ва “Барқчӣ”-и Ҳисор дохиланд.
Бозиҳо дар минтақаи Душанбе аз рӯи системи даврӣ дар як давра баргузор мешаванд. Дар натиҷа дудастаӣ аз ҳар гурӯҳ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ, ки моҳи феврал дар Душанбе доир мегардад, роҳхат мегиранд.
Марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2021 дар минтақаи Душанбе:
Гурӯҳи «А»: «Локомотив-Помир», «Регар-ТадАЗ», «Кӯктош», ССКА, «Шоҳмансур».
Гурӯҳи «Б»: «Душанбе-83», «Ваҳдат», «Истиқлол», «Барқчӣ».
Даври 1-ум
25-уми январ (душанбе)
10:30 – «Регар-ТадАЗ» – «Шоҳмансур». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
10:30 – «Душанбе-83» – «Барқчӣ». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
14:00 – «Кӯктош» – ССКА. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
14:00 – «Ваҳдат» – «Истиқлол». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
Даври 2-юм
28-уми январ (панҷшанбе)
10:30 – «Шоҳмансур» – «Кӯктош». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
10:30 – «Барқчӣ» – «Истиқлол». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
14:00 – «Локомотив-Помир» – «Регар-ТадАЗ». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
14:00 – «Душанбе-83» – «Ваҳдат». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
Даври 3-юм
30-юми январ (шанбе)
10:30 – «Кӯктош» – «Локомотив-Помир». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
10:30 – «Ваҳдат» – «Барқчӣ». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
14:00 – ССКА – «Шоҳмансур». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
14:00 – «Истиқлол» – «Душанбе-83». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
Даври 4-ум
1-уми феврал (душанбе)
10:30 – «Локомотив-Помир» – ССКА. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
14:00 – «Регар-ТадАЗ» – «Кӯктош». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
Даври 5-ум
4-уми феврал (панҷшанбе)
10:30 – ССКА – «Регар-ТадАЗ». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
14:00 – «Шоҳмансур» – «Локомотив-Помир». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
Бояд тазаккур дод, Ҷоми ФФТ аз соли 2012 бори даҳум сурат гирифтааст. Ҳамагӣ чаҳор даста ин Ҷомро ба даст овардааст. “Истиқлол”-и Душанбе панҷ бор, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ду бор, “Хайр”-и Ваҳдат ва “Кӯктош”-и Рӯдакӣ якборӣ барандаи Ҷоми ФФТ гардидаанд.
Агар сохибаш пайдо нашуд, ман тайёрам ин борро сохиби кунам. Дар хизмат тайёрем.
Ман як чизро сарфхм нарафтам долархо ёрдами Арикову Аврупо ки хукумати А Гани горат намуданд. 90 кг тилоро аз кучо пайдо намуданд. Ёинки тилохам хайрияи башарист хукумати ЧТ бояд дар назди хабарнигорон ин кочокро ба хукумати Афгонистон супорад ва хукумати Афгонистон барои камбизатхои мадуми факиру даррохафтода Афгон дар хузури хабарнигорони дохили ва хоричи таксимкарда шавад дар дигар холат мо бовар надорем..
Бечора точик дар ягон чо кадр надорад чихелеки хоханд шиканча медиханд. Ох миллати хору зорам кай ту охи сабук мекашида боши
Звуки камбагал дар тамоми чахон паст кардаги хозир. Лампаи звуковояш кухнаи бад шуда бурафтаги барои хамин оху нолааш факат то девори кулбааш мерасаду халос. Баро хамин ба кадри шапкаи Ленин расидан даркорай.
Пас Россия хам ба точикон дигар хакки истикомат надихад. Чин хохад ку Точикистонро ранги аждахо дар 3 сония фуру барад. Холо апетиташ камтар чаток барои хамин дар фикри мо нест.