Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муштзани тоҷик Асрор Воҳидов соҳиби унвони ғолиби WBO Oriental шуд


Муштзани тоҷик Асрор Воҳидов (аз тарафи чап). Акс аз соли 2020

Асрор Воҳидов, муштзани маъруфи тоҷик, ки 23-юми январ дар мусобиқаи бокси ҳирфаӣ дар Екатеринбурги Русия бар Тато Бонокоане аз Африқои Ҷанубӣ пеш аз муҳлат пирӯз шуд, соҳиби унвони ғолиби WBO Oriental гардид.

Муштзани 25-солаи тоҷик дар вазни дувуми сабуктарин (55,2 кило), ки мебоист даҳ раунд идома мекард, дар дақиқаи дувуми раунди нӯҳум бар рақиби 30-солааш Тато Бонокоане бо нокаут ғолиб омад.

Мубориза бо суръати хеле ором ва бо бартарии комили муштзани тоҷик сурат гирифт. Воҳидов муддати дароз зарба зад, интизори ҳамлаи рақиб шуд, аммо Бонокоане ба ҳимоя гузашт. Дар даври нӯҳум Асрор Воҳидов ба чӣ қодир буданашро нишон дод. Зарбаи сахти ӯ рақибашро аз по афтонд ва довар сабқатро қатъ намуда, дасти муштзани тоҷикро боло бардошт.

Асрор Воҳидов илова ба унвони ғолиби WBO Oriental, ба нимфинали Гран-прии WBO, ки аз ҷониби RCC Boxing Promotions баргузор шудааст, роҳ ёфт.

Ӯ аз ин пеш, 5-уми декабри соли гузашта, дар мусобиқаи бокси ҳирфаӣ, ки онро RСС Boxing Promotions ва Ширкати миси Русия дар Екатеринбург доир карданд, дар вазни дувуми сабуктарин аллакай дар ибтидои раунди севум ба рақиби 18-солааш Данило Савченко аз Украина бо нокаут ғолиб омад.

Ба ин тартиб, Асрор Воҳидов дар бокси ҳирфаӣ дар ҳамаи нӯҳ рақобати худ, аз ҷумла дар панҷтоаш бо нокаут пирӯз шуда, шикастнопазир боқӣ монд.

Асрор Воҳидов зодаи шаҳри Исфараи Тоҷикистон аст. Қадаш – 1 метру 68 сантиметр, вазнаш – 56,6 кило. Ӯ соли 2011 дар бокси ҳаваскорӣ ба унвони қаҳрамони ҷаҳон дар вазни то 48 кило байни наврасон даст ёфта буд. Ҳамон сол Созмони байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) Воҳидовро беҳтарин муштзани ҷавони ҷаҳон дар соли 2011 эълон кард. Инчунин ӯ дар риштаи кикбоксинг низ ба унвони қаҳрамони ҷаҳон миёни наврасон мушарраф шудааст.

Дар комёбиҳои Асрор Воҳидов саҳми устодаш Додобек Фатҳуллоев, ки мудири мактаби варзишии шумораи 2-и шаҳри Исфара мебошад, бузург аст. Ин мураббии варзида ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шогирдаш барои иштирок дар мусобиқаҳои бокси ҳирфаӣ ду моҳ пеш аз Исфара ба Санкт-Петербург ва баъдан аз онҷо ба Екатеринбург рафтааст.

“Асрор узви яке аз клубҳои варзишии Русия мебошад ва пеш аз ҳар як рақобат дар Санкт-Петербург тамрин мекунад. Бинобар ин дар мусобиқот ду кишвар – Русияву Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд”, - гуфт Додобек Фатҳуллоев.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG