Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КБО лағви Олимпиадаи Токиоро рад кард


Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) аз лағви Олимпиадаи Токио даст кашид. Дар ин бора узви КБО Ричард Паунд дар мусоҳиба бо Kyodo News изҳор доштааст.

Ба гуфтаи ӯ, мусобиқот бояд имсол баргузор шавад, зеро боз як таъхири дигар душвор хоҳад буд. Фаунд зикр кард, ки агар вазъи паҳншавии коронавирус хеле душвор бошад, пас Олимпиада метавонад бидуни тамошогарон гузаронида шавад. Вай афзуд, ҳарчанд баргузории мусобиқаҳо бо тамошобинон гуворо аст, аммо ин аслан ҳатмӣ нест.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки беш аз 80 дар сади ҷопониҳо мехоҳанд Бозиҳои тобистонаи олимпиро дар Токио ба муҳлати дигар гузаронанд ё комилан бекор кунанд.

Ёдовар мешавем, Олимпиадаи тобистонаи соли 2020 дар Токио ба далели пандемияи коронавирус ба соли 2021 мавқуф гузошта шуд, ки дар ин бора рӯзи 24-уми марти соли гузашта маълум гашта буд.

Мудири кумитаи тадорукоти бозиҳо Ҳаруюки Такаҳаши имконияти боз ба таъхир андохтани Бозиҳои олимпиро эътироф карда буд. Ҳамзамон ӯ таъкид намуд, ки Бозиҳоро комилан лағв кардан ғайриимкон аст, зеро ин ба иқтисоди Ҷопон ва ҷаҳон зарбаи азим хоҳад зад.

Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ дар Токио аз 23-юми июл то 8-уми август ва Паралимпиада аз 24-уми август то 5-уми сентябри соли 2021 баргузор мешаванд.

XS
SM
MD
LG