Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони тоҷик дар раддабандии ҷаҳонӣ ва олимпии ҷудо дар куҷо қарор доранд?


Темур Раҳимов, паҳлавони номдори тоҷик.
Темур Раҳимов, паҳлавони номдори тоҷик.

Темур Раҳимов, гуштигири шинохтаи тоҷик, ки моҳи январи соли равон дар мусобиқаи устодони ҷаҳонии ҷудо (World Judo Masters) дар шаҳри Доҳаи Қатар дар рақобатҳо дар вазни беш аз 100 кило мақоми панҷумро касб намуда, 648 имтиёз гирифт, мавқеашро дар раддабандии нави ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпӣ хеле беҳтар кард.

Ӯ дар феҳристи ҷаҳонӣ, ки дар сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) нашр шудааст, ҳашт зина боло шуд ва бо 2656 имтиёз ба ҷойгоҳи 22-юм баромад. Инчунин Раҳимов дар феҳристи инфиродии олимпӣ бо 2463 имтиёз дар мақоми 22-юм қарор гирифт.

Варзишгари дигари тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар раддабандии нави ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпӣ мавқеашро нигоҳ дошт. Вай дар вазни то 73 кило бо 3290 имтиёз дар зинаи 14-ум ҷойгир шудааст.

Вале мавқеи Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кило ҳам дар феҳристи ҷаҳонӣ ва ҳам дар феҳристи инфиродии олимпӣ 7 зина поин шуд. Ӯ дар ҳарду феҳрист бо 2796 имтиёз дар ҷойгоҳи 24-ум қарор дорад.

Комроншоҳи Устопириён бошад, дар раддабандии ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпӣ дар вазни то 90 кило бо 2024 имтиёз як зина поин рафт ва ҷойгоҳи 27-умро касб намудааст.

Шакармамад Мирмамадов дар раддабандии ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпӣ дар вазни беш аз 100 кило бо 738 имтиёз дар ҷойгоҳи 52-юм мавқеъ дорад.

Саидҷалол Саидов дар раддабандии ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпӣ дар вазни то 100 кило бо 432 имтиёз ҷойгоҳи 72-юмро азони худ кардааст.

Акмал Муродов дар раддабандии ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпӣ дар вазни то 81 кило бо 842 имтиёз дар ҷойгоҳи 55-ум қарор гирифтааст.

Муҳаммад Маҳмадизода дар раддабандии ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпӣ дар вазни то 60 кило бо 192 имтиёз ҷойгоҳи 117-умро соҳиб шудааст. Дар ин вазн Ҷамолиддин Абдуллоев дар феҳристи ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпӣ бо 228 имтиёз зинаи 126-умро ишғол кардааст.

Ёқубҷон Боқиев дар раддабандии ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпӣ дар вазни то 66 кило бо 249 имтиёз зинаи 119-умро касб намудааст. Дар ин вазн Хайёмиддин Ҷабборов дар раддабанди ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпӣ бо 233 имтиёз дар ҷойгоҳи 124-ум қарор дорад.

Варзишгарон мувофиқи талаботи низомномаи Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ дар Токио то 20-уми майи соли равон имкон доранд, ки боз имтиёзҳо ба даст биёранд ва мавқеашонро дар раддабандии ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпӣ беҳтар намоянд.

Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) моҳи июни соли 2021 раддабандии ниҳоии инфиродии олимпиро нашр мекунад ва 22 нафар беҳтаринҳо дар ҳар вазн соҳиби роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии Токио мешаванд.

Гуштигирони тоҷик имкон доранд, ки боз дар якчанд мусобиқаи байналмилалӣ, аз он ҷумла Теl Aviv Grand Slam 2021 дар Исроил (18-20-уми феврал), Tashkent Grand Slam 2021 дар Узбекистон (5-7-уми март), Tbilisi Grand Slam 2021 дар Гурҷистон (26-28-уми март), Antalya Grand Slam 2021 дар Туркия (1-3 апрел), қаҳрамонии Осиё ва Уқёнус дар Бишкеки Қирғизистон, Paris Grand Slam 2021 дар Фаронса (8-9 май) ва қаҳрамонии ҷаҳон дар Будапешти Маҷористон (1-6 июн) ширкат варзида, барои беҳтар кардани мавқеашон дар раддабандии ҷаҳониву инфиродии олимпӣ кӯшиш намоянд.

XS
SM
MD
LG