Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон шеваҳои расидан ба ҳадаф дар Афғонистонро тағйир додаанд


Толибон қаблан маргталабонро мефиристоданд, то теъдоди ҳарчӣ бештари мардумро бикушанд, ҳоло усулашонро дигар кардаанд.
Толибон қаблан маргталабонро мефиристоданд, то теъдоди ҳарчӣ бештари мардумро бикушанд, ҳоло усулашонро дигар кардаанд.

Cолҳои зиёд бомбгузорони маргталаби Толибон аксаран сиёсатмадорон, низомиёну муассисаҳои амниятӣ дар шаҳрҳои калони Афғонистонро ҳадаф мегирифтанд, вале моҳҳои ахир ба кормандони давлат, журналистон, ҳомиёни ҳуқуқ, руҳониёни мӯътадил ва ё бонувони фаъол рӯ овардаанд.

Истифода аз аслиҳаро ҳам тағйир додаанд, ҳоло ба ҷойи бомбҳои қавӣ, бомбҳои миқнотисӣ ва ё магнитӣ ба кор мебаранд, ки онро ба баданаи мошин, ё ҳарчизи дигар мечаспонанд ва аз дур ба ҳаракат медароранд. Ҳадафи асосии ҳам шахсиятҳои муайян ҳастанд.

Тағйири дигар ин аст, ки омилони ҳамлаҳо низ маълум намешаванд, чун Толибон даст доштан дар чунин бомбгузиҳоро қотеона рад мекунанд. Коршиносон мегӯянд, ки тағйири шеваи рафтори Толибон – вокуниш ба созиши сулҳи моҳи феврали соли гузашта бо Амрико аст. Бар асоси ин санад, Толибон бояд ҳамлаву бомбгузориҳоро қатъ ва ё бас мекарданд. Тағйирот дар “стретегия”-и Толибонро ба музокироти сулҳ бо ҳукумати Афғонистон ҳам вобаста медонанд.

Ҷонатан Шроден, коршиноси амниятӣ аз Амрико мегӯяд, “зоҳиран ҳадафи ниҳоӣ беобрӯву беэътибор кардани ҳукумат ва ҳамчунин кам кардани шумори афроде аст, ки баъди созиши сулҳ метавонанд, пеши роҳи Толибон биистанд”.

Бахши муҳими созиши сулҳи Амрико ва Толибон – музокироти ин гуруҳ бо ҳукумати Кобул аст. Музокирот моҳи сентябр дар пойтахти Қатар, шаҳри Давҳа оғоз ёфт ва бо таваққуфу танаффус идома дорад. Бар асоси созиш, неруҳои хориҷӣ бояд то моҳи майи соли 2021 аз хоки Афғонистон берун раванд ва Толибон ҳам ҷангу хунрезиро бас кунанд ва ба ҳеч гуруҳи террористӣ сарпаноҳ надиҳанд. Ин шарт бахши муҳими формулаи тақсими қудрат мешавад, ки қарор аст, баъдан ба ҳайси ҳукумати эътирофшуда аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ муаррифӣ шавад.

Ҳомиёни ҳуқуқ, хабарнигорон ва бонувони фаъол

Аз замони имзои созиши сулҳ бо Амрико Толибонро ҳарчӣ бештар ба кушторҳои ҳадафмандона, аз ҷумла, қатли фаъолони шинохтаи сиёсиву ҷамъиятӣ муттаҳам мекунанд. Яке аз охирин қурбониҳо хабарнигор Бисмиллоҳ Одил Аймоқ буд, ки рӯзи 1-уми январ аз ҷониби афроди ношинос дар вилояти Ғӯр кушта шуд. Аймоқ панҷумин журналисти афғон аст, ки дар давоми ду моҳи ахир кушта шудаанд. Рӯзи 24-уми декабр дар вилояти Каписо як фаъоли маъруфи зан Фаришта Кӯҳистонӣ аз тири ҳамлагарони мотосиклсавор ҷон дод.

Рӯзи 15-уми декабр бомбаи миқнотисие, ки ба мошини муовини раиси вилояти Кобул Маҳбубуллоҳ Муҳибӣ насб шуда буд, ӯ ва ду нафари дигарро кушт. Қатлҳои ахир хашми ҳукуматро барангехт ва дар миёни сокинони шаҳрҳои кишвар, ки мухолифи ғояҳои Толибон ҳастанд, тарс эҷод кард.

Раҳматулло Амирӣ, таҳлилгари масоили сиёсӣ аз Кобул мегӯяд, “Стратегияи нави Толибон барои ба даст овардани дили мардум дар манотиқи таҳти назари ҳукумат, бахусус, шаҳрҳо, як амалиёти низомии тарс додан ва амалиёти ҷангии равониро мемонад”.

Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон, даст доштани гуруҳ дар ҳамлаҳоро рад карда, онҳоро як “таблиғот” номид. Вале мақомоти Афғонистон ва нозирони мустақил мегӯянд, ки ҳамлаҳо ба ғайр аз кори дасти Толибон, кори гуруҳи дигаре буда наметавонад.

Аҳмадзиё Сироҷ, сардори Раёсати амнияти миллии Афғонистон аст. Ӯ чанде пеш ба вакилони порлумони Афғонистон гуфт, ки нируҳои амниятӣ 270 ҷангҷӯи Толибонро, ки дар қатлҳои ҳадафмандона даст доштаанд, дастгир карданд ва ин ҷангҷӯён аъзои як воҳиди Толибон бо номи “Убайда Корвон” будаанд.

Усуле барои тарсонидани мардум

Дар вокуниш ба афзоиши кушторҳо, мақомот гуфтанд, ки теъдоди маъмурони пулисро дар Кобул ду баробар зиёд мекунанд ва дар ин шаҳр бо харҷи 100 миллион доллар дурбинҳои амниятӣ мегузоранд. Бисёриҳо суол медиҳанд, ки чаро мақомот ин корро пештар накарданд.

Раҳматулло Амирӣ гуфт, “расидагии бесарусомони ҳукумати Афғонистон ба масоили амниятӣ барои дастболо шудани Толибон як имконияти хуб аст”.
Айни замон, худи ҳукумати Афғонистон нотифоқ ва олуда ба фасод аст ва сахт пойбанди кумакҳои байналмилаливу низомӣ мемонад.

Ҳукумат назорати марказҳои маъмурии вилоятҳо, шаҳру маҳаллаҳои бузурги аҳолинишин ва марказҳои ноҳияҳоро ба ӯҳда дорад, вале танҳо наздики 30 дарсади 407 ноҳияи Афғонистон пурра дар дасти ҳукумат аст. Дигар минтақаҳо ё беназорат ва ё зери назари Толибон мебошанд.

Нозирон мегӯянд, тактикаи нави Толибон то ҷое посухи онҳо ба созиши таҳмилшудаи Амрико ва Толибон мебошад. Бар асоси ин созиш, шӯришиён ҳақ надоранд, дар марказҳои шаҳрҳо ҳамлаҳои маргталабона анҷом диҳанд. Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, ки Толибон инчунин қавл додаанд, ки бо вуҷуди норизоияти ҷангҷӯёнашон, хушунатро коҳиш медиҳанд.

Шроден гуфт, ки ҷангҷӯён “тактикаи фаъолшавиро пеш гирифтаанд, то ки дар маҳдудаи созиши ҳосилшуда ҳар кореро, ки аз дасташон меояд, анҷом диҳанд”.
Ӯ гуфт, Толибон ба ин созишнома арҷ мегузоранд, вале боз ҳам хушунатро ҳамчун шакли аввалияи муқовимат ба ҳукумат арзёбӣ мекунанд”.

Аз моҳи феврали соли 2020 ҳамлаҳои Толибон дар маҷмӯъ афзоиш ёфт, вале азбаски онҳо масъулияти ин ҳамлаҳоро ба дӯш намегиранд, иддао мекунанд, ки ба шартҳои созиш пойбанд ҳастанд. Вале зоҳиран сабри Амрико ба поён мерасад. Аввалин бор низомиёни Амрико Толибонро ба ҳамлаҳои ҳадафмандона айбдор карданд.

Сабри камтаршудаи Амрико

Полковник Сонни Легет, сухангӯи нирӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон рӯзи 4-уми январ гуфт. “Маъракаи Толибон дар заминаи ҳамлаҳои беиддао ва қатли ҳадафмандонаи мақомоти ҳукуматӣ, раҳбарони ҷомеаи маданӣ ва журналистон бояд ба хотири дастёбӣ ба сулҳ хотима дода шавад”.

Ин изҳорот дар пасманзари раддубадҳои лафзии миёни низомиёни амрикоӣ ва Толибон дар заминаи шартҳои созиши сулҳ садо дод. Нирӯҳои амрикоӣ дар вокуниш ба афзоиши хунрезиҳои Толибон дар саросари кишвар ҳамлаҳои ҳавоӣ ба зидди онҳоро афзоиш доданд. Ҷангиён иддао карданд, ки ин ҳамлаҳо созиши сулҳи миёни ИМА ва Толибонро нақз мекунад. Низомиёни амрикоӣ батакрор ёдовар мешаванд, ки дар сурати ҳамлаҳои Толибон, ҳақ доранд, ба муҳофизати нируҳои Афғонистон бархезанд.

Бо вуҷуди нақзи фаровони созиш, президент Доналд Трамп моҳи ноябр амр дод, ки шумори қобили мулоҳизаи нирӯҳои амрикоӣ Афғонистонро тарк кунанд. Ин иқдоми ӯро ҳамчун талоши ба даст овардани манфиат дар интихобот арзёбӣ карданд. Қарор аст, то миёнаҳои моҳи январ лашкари 5 ҳазор нафараи сарбозони амрикоиро ду баробар кам кунанд, ки поинтарин нишондод аз даврони шурӯи ҷанг ба зидди Толибон дар соли 2001 мебошад.

XS
SM
MD
LG