Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои VI осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ мавқуф гузошта шуд


Акс аз бойгонӣ.

Шӯрои олимпии Осиё эълон кард, ки Бозиҳои VI осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки мебоист аз 21-ум то 30-юми майи соли 2021 дар Бангкоки Тайланд доир мегашт, мавқуф гузошта шуд. Дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, дар изҳороти Шӯрои олимпии Осиё 14-уми январ зикр шудааст, ки вазъи ҷаҳонии пандемияи COVID-19, маҳдудиятҳои сафар дар бисёр кишварҳо ва протоколҳои соҳаи тандурустӣ дар саросари қора боиси гирифтани чунин тасмим гардид.

Санаҳои нави Бозиҳои VI осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ аз 10-ум то 20-уми марти соли 2022 ба нақша гирифта шуд. Ба барномаи бозиҳо 28 намуди варзиш ва ду намуди намоишӣ дохил мешаванд. Зимнан, Бангкок соли 2005 аввалин Бозиҳои осиёиро дар иншооти сарпӯшида ва соли 2009 Бозиҳои осиёии ҳунарҳои размиро (ҳар ду бозиҳо соли 2013 муттаҳид шуданд) мизбонӣ кардааст.

Ин тасмимро Шӯрои олимпии Осиё пас аз муҳокимаи амиқ бо Кумитаи миллии олимпии Тайланд ва Кумитаи тадорукоти Бозиҳои VI осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ба манфиати ҳамаи кумитаҳои миллии олимпӣ, таъмини амнияту саломатии варзишгарон ва ҳамаи иштироккунандагон гирифтааст.

Ин дувумин чорабинии сатҳи қора аст, ки соли равон ба таъхир гузошта мешавад. Қаблан бо қарори Шӯрои олимпии Осиё Бозиҳои VI соҳилии Осиё, ки мебоист аз 2-юм то 10-уми апрели соли 2021 дар шаҳри Саняи музофоти Ҳайнани Чин баргузор мешуд, мавқуф гузошта шуд.

Қарори Шӯрои олимпии Осиё дар мувофиқа бо Кумитаи олимпии Чин ва Кумитаи тадорукоти Бозиҳои соҳилии Осиё бо мақсади таъмини амнияти варзишгарон, ашхоси расмӣ ва тамошобинон ба далели пандемияи COVID-19 қабул шудааст.

"OCA минбаъд низ вазъиятро назорат хоҳад кард ва бо ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор дар ҳалли масъалаҳо ҳамкории зич хоҳад дошт ва дар бораи санаи ояндаи Бозиҳои VI соҳилии Осиё тасмим хоҳад гирифт", - таъкид шудааст дар изҳороти Шӯрои олимпии Осиё.

Саня ҳаққи баргузории Бозиҳои шашуми соҳилии Осиёро моҳи марти соли гузашта ба даст оварда буд. Мусобиқа 16 намудро дар бар мегирад, аз ҷумла шиноварӣ, ватерполо, варзиши сабук, баскетбол, волейбол, ҳандбол, футбол, гуштӣ, қайиқронӣ, серфинг ва ғайра. Дар бозиҳо ширкати беш аз 2000 варзишгар аз 40 кишвари қораи Осиё, аз ҷумла Тоҷикистон, дар назар аст.

Бозиҳои соҳилии Осиё, ки бори аввал соли 2008 дар шаҳри Балии Индонезия баргузор шуд, дар ҳар ду сол доир мегардид. Саня аввалин шаҳре нест, ки дар Чин ин мусобиқаро баргузор хоҳад кард. Соли 2012 бозиҳо дар шаҳри Ҳайяни музофоти Шандун дар шарқи Чин доир гашт.

Бозиҳои соҳилии Осиё, инчунин дар Масқати Умон (2010), Пҳукети Тайланд (2014) ва Дананги Ветнам (2016) баргузор шудааcт.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG