Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Темур Раҳимов дар World Judo Masters дар Қатар панҷум шуд


Темур Раҳимов

Паҳлавони тоҷик Темур Раҳимов дар мусобиқаи устодони ҷаҳонии ҷудо (World Judo Masters), ки шоми чоршанбеи 13-уми январ дар шаҳри Доҳаи Қатар ба поён расид, дар рақобатҳо дар вазни беш аз 100 кило мақоми панҷумро касб намуд.

Раҳимов дар даври аввал бар Штефан Ҳеги аз Австрия дар муддати 4 дақиқаю 28 сония бо баҳогузории ваза-ари ғолиб омад. Ӯ дар даври дувум бар намояндаи Исроил Ор Сассон, ғолиби мусобиқаи Гран-прии Тел-Авив-2020, дар тули 6 дақиқаю 35 сония бо баҳогузории иппон дастболо шуд.

Вале Темур дар даври севум қувваозмоиро ба Инал Тасоеви русиягӣ, ғолиби Grand Slam Hungary 2020, бохт. Рақибаш дар тули 4 дақиқаю 17 сония бо баҳогузории ваза-ари пирӯзӣ ба даст овард ва ба нимфинал роҳ пайдо кард.

Паҳлавони тоҷик бошад, дар даври тасаллобахш муборизаро барои медали биринҷӣ идома дод. Рақиби ӯ дар қувваозмоии чаҳорум Минҷонг Ким, барандаи медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон-2019, аз Кореяи Ҷанубӣ буд. Қувваозмоӣ бо пирӯзии Раҳимов хотима ёфт. Ӯ дар зарфи 3 дақиқаю 23 сония бо баҳогузории иппон ғолиб шуд. Темур рақобати панҷум ва ҳалкунандаи худро барои дарёфти медали биринҷӣ ба Якив Хаммо аз Украина бохт. Рақибаш дар муддати 3 дақиқаю 57 сония ғалабаи соф (иппон) ба даст овард.

Ҳамин тариқ, паҳлавони 23-солаи тоҷик Темур Раҳимов дар вазни сангинтарин аз панҷ қувваозмоӣ дар сетоаш пирӯз шуда, дутоашро бохт ва дар натиҷа мақоми панҷумро соҳиб шуд.

Ба ҷуз аз Хаммо боз як медали биринҷӣ насиби Ҳенк Грол аз Нидерланд гардид, ки барои ҷойи севум бар Тамерлан Башаеви русиягӣ ғолиб омад. Дар вазни беш аз 100 кило дар финал Тедди Ринери фаронсавӣ бар Инал Тасоеви русиягӣ пирӯз шуда, бо медали тилло сарфароз гашт.

Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро боз ду гуштигир - Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯзи Хоҷазода - намояндагӣ карданд, вале ҳарду дар вазни то 73 кило дар аввалин рақобати худ мағлуб шуданд.

Сомон қувваозмоиро ба Акил Ҷакова аз Косово бохт. Қувваозмоӣ хеле тӯл кашид ва баъди ҳашт дақиқаю як сония ғолиб муайян гардид. Ҷаково бо баҳогузории ваза-ари ғолиб шуд.

Беҳрӯз бошад, аз намояндаи Молдова Виктор Стерпу шикаст хӯрд. Қувваозмоӣ 2 дақиқаю 9 сония идома кард. Стерпу бо баҳогузории иппон пирӯз гардид.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии се рӯзи мусобиқа дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Фаронса бо касби панҷ медали тилло, яктоӣ медалҳои нуқра ва биринҷӣ мақоми аввалро азони худ кард. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби се медали тилло дар ҷойи дувум ва мунтахаби Ҷопон бо касби ду медали тилло ва панҷ нуқра дар ҷойи севум қарор гирифтанд.

Мунтахаби Тоҷикистон бо як ҷойи панҷум дар байни 69 кишвари ширкаткунандаи ин мусобиқа ҳамроҳи шаш дастаи дигар - Австралия, Белгия, Камерун, Британияи Кабир, Маҷористон ва Венесуэла –дар зинаи 24-ум ҷойгир шуд.

Дар мусобиқаи устодони ҷаҳонии ҷудо дар Доҳа, ки бо ширкати 398 варзишгар (215 мард ва 183 зан) аз 69 кишвар шоми чоршанбеи 13-уми январ ба анҷом расид, ширкаткунандагон ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ шуданд.

Барои иштирок дар мусобиқа варзишгарон 200 имтиёз гирифтанд. Барои ҷойи аввал 1800 имтиёз, барои ҷойи дувум 1260 имтиёз, барои ҷойи севум 900 имтиёз, барои ҷойи панҷум 648 имтиёз, барои ҷойи ҳафтум 468 имтиёз дода шуд.

Пеш аз мусобиқа дар Доҳа дар радабандии ҷаҳонии ҷудо Сомон Маҳмадбеков дар ҷойи 14-ум, Беҳрӯз Хоҷазода дар ҷойи 17-ум ва Темур Раҳимов дар ҷойи 30-юм қарор доштанд.

Инчунин ба беҳтаринҳо (аз ҷойи якум то ҷойи ҳафтум) ҷоизаҳои молӣ тақдим гардид. Чунончи, дар ҳар як вазн ба ғолиб 9000 доллари ИМА, барои ҷойи дувум 6000 доллар ва барои ҷойҳои севум 3000-долларӣ супурда шуд.

Бояд гуфт, ки соли 2019 дар мусобиқаи устодони ҷудо Qingdao Judo Masters, ки дар шаҳри Қингдаои Чин баргузор шуда буд, Тоҷикистонро чаҳор варзишгар намояндагӣ кард. Аз байни онҳо Комроншоҳи Устопириён натиҷаи хубтар нишон дода, дар вазни то 90 кило мақоми панҷумро касб намуд.

Варзишгарон мувофиқи талаботи низомномаи Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио то 20-уми майи имсол имкон доранд, ки имтиёзҳо ба даст биёранд ва мавқеашонро дар феҳристи ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпӣ беҳтар намоянд.

Федератсияи байналмилалии ҷудо моҳи июни соли 2021 феҳристи ниҳоии ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпиро нашр мекунад ва 22 нафар беҳтаринҳо дар ҳар вазн соҳиби роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии Токио хоҳанд шуд.

Ғолибон ва ҷоизадорони World Judo Masters дар Доҳаи Қатар:

Мардон

-60 кг
1. КИМ Вон Ҷин (Корея)
2. ЯНГ Юнг Вэй (Тайбэйи Чин)
3. ОГУЗОВ Алберт (Русия)
3. ТСЯКАДОЕА Торник (Нидерланд)

-66 кг
1. АН Баул (Корея)
2. ШМАЙЛОВ Баруч (Исроил)
3. ГРИГОРЯН Арам (Русия)
3. МАРГВЕЛАШВИЛИ Важа (Гурҷистон)

-73 кг
1. АН Чангрим (Корея)
2. ҲАШИМОТО Соичи (Ҷопон)
3. ТУРАЕВ Ҳикматиллоҳ (Узбекистон)
3. ВАНДТКЕ Игор (Олмон)

-81 кг
1. ГРИГАЛАШВИЛИ Тато (Гурҷистон)
2. ДЕ ВИТ Франк (Нидерланд)
3. ИВАНОВ Ивайло (Булғористон)
3. МУКИ Саҷи (Исроил)

-90 кг
1.ВАН Т ЭНД Ноел (Нидерланд)
2. ГВИНИАШВИЛИ Бека (Гурҷистон)
3. ТРИППЕЛ Эдуард (Олмон)
3. БЕКАУРИ Лаша (Гурҷистон)

-100 кг
1. ЛИПАРТЕЛИАНИ Варлам (Гурҷистон)
2. КОТСОЕВ Зелим (Озарбойҷон)
3. АДАМЯН Арман (Русия)
3. ПАЛТЧИК Петер (Исроил)

+100 кг
1.РИНЕР Тедди (Фаронса)
2. ТАСОЕВ Инал (Русия)
3. ГРОЛ Ҳенк (Нидерланд)
3. ХАММО Якив (Украина)

Занон

-48 кг
1. КРАСНИКИ Дистриа (Косово)
2. ТОНАКИ Фуна (Ҷопон)
3. БИЛОДИД Дариа (Украина)
3. МУНҲБАТ Урасесег (Муғулистон)

-52 кг
1. БУЧАРД Аманди (Фаронса)
2. ШИШИМ Аи (Ҷопон)
3. ГНЕТО Астрид (Фаронса)
3. КЕЛМЕНДИ Маҳинда (Косово)

-57 кг
1. ЙОШИДА Тсукаса (Ҷопон)
2. ТСИСИК Сара Леони (Фаронса)
3. ГҶАКОВА Нора (Косово)
3. КЛИМКЕТ Ҷессика (Канада)

-63 кг
1. АГБЕНЕНУ Кларисса (Фаронса)
2. НАБЕКУРА Нами (Ҷопон)
3. ЛЕСКИ Андреа (Словения)
3. ВЕРМЕЕР Санни (Нидерланд)

-70 кг
1. ОНО Йоко (Ҷопон)
2. ТАЙМАЗОВА Мадина (Русия)
3. ПОЛЛИНГ Ким (Нидерланд)
3. СКОКСИМАРРО Ҷиованна (Олмон)

-78 кг
1. МАЛОНГА Маделеине (Фаронса)
2. ҲАМАДА Шори (Ҷопон)
3. СТИИНҲУИС Гюсҷе (Нидерланд)
3. КУКА Лориана (Косово)

+78 кг
1. ДИСКО Румане (Фаронса)
2. КИНДЗЕРСКА Ирина (Озарбойҷон)
3. ШАЙХ РОУНОУ Ниҳел (Тунис)
3. САЙИТ Кайра (Туркия)

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG