Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нони бепул. Зану шавҳари бознишаста дар Хуҷанд қуттии "сеҳрнок" гузоштаанд. ВИДЕО


Бисоҷида Ғиёсова мегӯяд, ин корро на барои шуҳрату намоиш, балки ёрӣ ба ниёзмандон мекунанд
Бисоҷида Ғиёсова мегӯяд, ин корро на барои шуҳрату намоиш, балки ёрӣ ба ниёзмандон мекунанд

Як зану шавҳари бознишаста дар маркази шаҳри Хуҷанд қуттии ба қавли худашон "сеҳрнок" гузоштаанд ва ҳар рӯз барои гурӯҳе аз ниёзмандон нони бепул медиҳанд.

Раҳматулло Ғиёсови 70-сола ва Бисоҷида Ғиёсоваи 67-сола мегӯянд, фарзандони худро соҳиби хонаву дар кардаанд ва ҳоло нафақаашонро бо эҳтиёҷмандон ду тақсим мекунанд.

Дар гузашта низ чанд дафъа маъракаи тақсими хӯрокворӣ ва либоси бепул ба ниёзмандон дар Суғду минтақаҳои дигари Тоҷикистон ба роҳ монда шуд, аммо зоҳиран идома наёфт. Зану шавҳари бознишаста мегӯянд, то замони барҳаёт будан иқдоми худро идома медиҳанд ва аз сокинони дигар ҳам хостаанд, ки ба пур кардани "сандуқчаи сеҳрнок" ҳамроҳ шаванд.

Дар як моҳ 600 сомонӣ нафақа мегирам. Шавҳарам зиёдтар мегиранд. Як қисми нафақаро ба ин кор сарф мекунем, чунки фарзандонро хонадор кардем, хотир ҷамъ аст.
Бисоҷида Ғиёсова

Онҳо барои ҷалби дигарон дар пештоқи қуттӣ навиштаанд, "ҳар касе чизе бигирад, шикамаш сер шавад ва ҳар касе чизе бигузорад, умраш дароз гардад."

Қуттии "сеҳрнок"-и Раҳматулло Ғиёсов ва Бисоҷида Ғиёсова дар наздикии Қасри Ҷавонони шаҳри Хуҷанд ва растаи нонфурӯшон ҷойгир аст. Тоҷирони нон мегӯянд, ҳанӯз бисёриҳо аз вуҷуди қуттӣ хабар надоранд ё маҳсулоти дохили онро пулакӣ медонанд, бинобар ин, шахсони дармондаро то онҷо роҳнамоӣ мекунанд.

"Аз мо хостаанд, ки ҳар субҳ дар дохили қуттӣ даҳ нони калон гузорем. Пулро пешакӣ медиҳанд. Баъзе одамон алакай медонанд ва худашон нонро аз дохили қуттӣ мегиранд. Вале баъзеҳоро худамон то онҷо мебарем ва як ё ду дона нони бепул медиҳем", -- гуфт яке аз занони нонфурӯш рӯзи 14-уми январ.

Наворро дар инҷо бинед:

Нони хайрия барои мардуми ниёзманди Хуҷанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:17 0:00

Бисоҷида Ғиёсова, сокини бознишастаи шаҳри Хуҷанд мегӯяд, "дар як моҳ 600 сомонӣ нафақа мегирам. Шавҳарам зиёдтар мегиранд. Як қисми нафақаро ба ин кор сарф мекунем, чунки фарзандонро хонадор кардем, хотир ҷамъ аст. Ин кори хайр аст."

Ғиёсова чиҳил сол ҳамчун бофанда ва шавҳараш ҳамчун фурӯшанда кор кардаанд. Зану шавҳар мегӯянд, дидани зиндагии сахти гурӯҳе аз мардум ва бахусус дар замони пандемия онҳоро ба ҳарчи зудтар иҷро кардани нияти нек водор намудааст.

"Баъзе аз калонсолон фарзанд надоранд ё баръакс серфарзандҳое ҳастанд, ки рӯзгори душвор доранд. Ҳоло ҷойи кор ҳам кам аст. Бигзор баъзе одамон аз ин баҳравар шаванд", -- мегӯяд Бисоҷида Ғиёсова.

Баъзе аз шахсони ниёзманд ба мисли сокини шаҳри Хуҷанд Абдумаҷид Тошматов аз ин иқдом сипосгузоранд. Вай рӯзи чаҳоршанбе ба назди қуттӣ омад ва ду дона нон гирифту хурсанд шуд, ки рӯзии худ ва оилаашро ёфт: "Парвардигор аз аввал ризқи ҳамаро бо ҳар роҳе додааст. Ман ҳам имрӯз ба инҷо ногаҳон омадам ва ризқамро дар инҷо ёфтам."

Баъзе аз сокинон мегӯянд, чунин одамони хайрхоҳ кам нестанд, вале бо сабаби он ки ҳар кас ба танҳоӣ иқдом мекунад, ё дер намепояд ва ё шахсони зиёдро дар бар намегирад. Як сокини шаҳри Хуҷанд гуфт, "беҳтар аст, ягон созмон ё маркази имдодӣ ба ин кор машғул шавад ва дар чанд гӯшаи шаҳр ё минтақаҳои дигар чунин қуттиҳоро гузоранд ва ба мардуми бештар ёриҳоро дастрас кунанд."

Айни замон баъзе дигар аз сокинон мегӯянд, ин иқдомҳо хубанд, аммо метавонанд гуруҳеро ба "тайёр хӯрдан" одат диҳанд. Бино бар ин, онҳо пешниҳод доранд, ки чунин кумакҳо асосан ба солмандону маъюбон, соҳибони кӯдакони хурдсол ва занони бешавҳар дода шавад.

Соли гузашта бо сабаби баста будани марзҳо ва уфти қурби сомонӣ нархи хӯрокворӣ дар бозорҳои кишвар боло рафт ва зиндагии иддае аз мардумро бо мушкил дучор кард.

Бар асоси омори расмӣ, дар Тоҷикистон 182 ҳазор хонавода камбизоат ҳастанд. Бо шурӯи пандемияи коронавирус ва аз кор маҳрум шудани садҳо нафар дар Тоҷикистону Русия эҳтимол шумораи чунин хонаводаҳо бештар шудааст.

XS
SM
MD
LG