Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Темур Раҳимов дар World Judo Masters дар Қатар барои медали биринҷӣ мубориза мебарад


Паҳлавони тоҷик Темур Раҳимов дар мусобиқаи устодони ҷаҳонии ҷудо (World Judo Masters), ки дар шаҳри Доҳаи Қатар ҷараён дорад, дар рақобатҳо дар вазни беш аз 100 кило барои медали биринҷӣ мубориза хоҳад бурд.

Раҳимов имрӯз, 13-уми январ, дар вазни беш аз 100 кило дар даври аввал бар Штефан Ҳеги аз Австрия дар муддати 4 дақиқаю 28 сония бо баҳогузории ваза-ари ғолиб омад. Ӯ дар даври дувум бар намояндаи Исроил Ор Сассон, ғолиби мусобиқаи Гран-прии Тел-Авив-2020, дар тули 6 дақиқаю 35 сония бо баҳогузории иппон дастболо шуд. Вале дар даври севум қувваозмоиро ба Инал Тасоеви русиягӣ, ғолиби Grand Slam Hungary 2020, бохт. Рақибаш дар тули 4 дақиқаю 17 сония бо баҳогузории ваза-ари пирӯзӣ ба даст овард ва ба нимфинал роҳ пайдо кард.

Паҳлавони тоҷик бошад, барои медали биринҷӣ муборизаро идома медиҳад. Дар даври тасаллобахш рақиби ӯ Минҷонг Ким, барандаи медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон-2019, аз Кореяи Ҷанубӣ буд. Қувваозмоӣ бо пирӯзии Раҳимов хотима ёфт. Ӯ дар зарфи 3 дақиқаю 23 сония бо баҳогузории иппон ғолиб шуд.

Ҳамин тариқ, паҳлавони 23-солаи тоҷик Темур Раҳимов дар вазни сангинтарин аз чор қувваозмоӣ дар сетоаш пирӯз шуда, яктоашро бохт ва шоми имрӯз дар рақобати панҷуми худ барои дарёфти медали биринҷӣ бо Якив Хаммо аз Украина талош меварзад.

Дар вазни беш аз 100 кило Тедди Ринер (Фаронса) ва Инал Тасоев (Русия) ба финал баромаданд. Инчунин барои боз як медали биринҷӣ Тамерлан Башаев (Русия) ва Ҳенг Грол (Нидерланд) мубориза мебаранд.

Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро ба ҷуз аз Темур Раҳимов ду нафари дигар - Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯзи Хоҷазода - намояндагӣ карданд. Ҳарду 12-уми январ дар вазни то 73 кило дар аввалин рақобати худ мағлуб шуданд. Сомон аз Акил Ҷакова (Косово) шикаст хӯрд. Беҳрӯзи Хоҷазода қувваозмоиро ба намояндаи Молдова Виктор Стерпу бохт.

Баъди натиҷагирии ду рӯзи мусобиқа дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби се медали тилло дар мақоми аввал аст. Мунтахаби Ҷопон бо ду медали тилло ва чор нуқра дар ҷойи дувум ва мунтахаби Фаронса бо ду медали тилло, як нуқра ва як биринҷӣ дар ҷойи севум қарор доранд.

Дар мусобиқаи устодони ҷаҳонии ҷудо дар Доҳа, ки бо ширкати 398 варзишгар (215 мард ва 183 зан) аз 69 кишвар шоми имрӯз, 13-уми январ, ба анҷом мерасад, ширкаткунандагон ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ хоҳанд шуд. Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад.

Дар рӯзи охирин ғолибону ҷоизадорони мусобиқа байни мардон дар вазнҳои 90, 100 ва беш аз 100 кило, инчунин миёни занон дар ду вазн – 78 ва беш аз 78 кило – маълум хоҳанд шуд.

Варзишгарон мувофиқи талаботи низомномаи Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио то 20-уми майи имсол имкон доранд, ки имтиёзҳо ба даст биёранд ва мавқеашонро дар феҳристи ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпӣ беҳтар намоянд.

Федератсияи байналмилалии ҷудо моҳи июни соли 2021 феҳристи ниҳоии ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпиро нашр мекунад ва 22 нафар беҳтаринҳо дар ҳар вазн соҳиби роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии Токио хоҳанд шуд.

Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа баъди натиҷагирии ду рӯзи рақобатҳо дар World Judo Masters дар Доҳаи Қатар:

Мардон

-60 кг
1. КИМ Вон Ҷин (Корея)
2. ЯНГ Юнг Вэй (Тайбэйи Чин)
3. ОГУЗОВ Алберт (Русия)
3. ТСЯКАДОЕА Торник (Нидерланд)

-66 кг
1. АН Баул (Корея)
2. ШМАЙЛОВ Баруч (Исроил)
3. ГРИГОРЯН Арам (Русия)
3. МАРГВЕЛАШВИЛИ Важа (Гурҷистон)

-73 кг
1. АН Чангрим (Корея)
2. ҲАШИМОТО Соичи (Ҷопон)
3. ТУРАЕВ Ҳикматиллоҳ (Узбекистон)
3. ВАНДТКЕ Игор (Олмон)

-81 кг
1. ГРИГАЛАШВИЛИ Тато (Гурҷистон)
2. ДЕ ВИТ Франк (Нидерланд)
3. ИВАНОВ Ивайло (Булғористон)
3. МУКИ Саҷи (Исроил)

Занон

-48 кг
1. КРАСНИКИ Дистриа (Косово)
2. ТОНАКИ Фуна (Ҷопон)
3. БИЛОДИД Дариа (Украина)
3. МУНҲБАТ Урасесег (Муғулистон)

-52 кг
1. БУЧАРД Аманди (Фаронса)
2. ШИШИМ Аи (Ҷопон)
3. ГНЕТО Астрид (Фаронса)
3. КЕЛМЕНДИ Маҳинда (Косово)

-57 кг
1. ЙОШИДА Тсукаса (Ҷопон)
2. ТСИСИК Сара Леони (Фаронса)
3. ГҶАКОВА Нора (Косово)
3. КЛИМКЕТ Ҷессика (Канада)

-63 кг
1. АГБЕНЕНУ Кларисса (Фаронса)
2. НАБЕКУРА Нами (Ҷопон)
3. ЛЕСКИ Андреа (Словения)
3. ВЕРМЕЕР Санни (Нидерланд)

-70 кг
1. ОНО Йоко (Ҷопон)
2. ТАЙМАЗОВА Мадина (Русия)
3. ПОЛЛИНГ Ким (Нидерланд)
3. СКОКСИМАРРО Ҷиованна (Олмон)

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG