Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сомон ва Беҳрӯз дар World Judo Masters ба рақобат мепардозанд


Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯзи Хоҷазода
Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯзи Хоҷазода

Дар мусобиқаи устодони ҷаҳонии ҷудо (World Judo Masters), ки 11-уми январ дар Доҳаи Қатар шуруъ шуд, ҳудуди 400 варзишгар аз 69 кишвар ширкат дорад.

Рӯзи аввали мусобиқа мардон дар ду вазн – 60 ва 66 кг рақобат карданд. Дар рақобатҳо дар вазни 60 кило Вон Ҷин Ким аз Кореяи Ҷанубӣ, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Юнг Вей Янг аз Тайпейи Чин ғолиб омад, мақоми аввалро касб намуд. Алберт Огузови русиягӣ ва Торнике Тсҷакадоеаи ҳолландӣ ҷойҳои севумро соҳиб шуданд.

Дар рақобатҳо дар вазни 66 кило Баул Ан аз Кореяи Ҷанубӣ ғалаба кард. Ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ Борух Шмаилови исроилиро шикаст дод. Арам Григорян аз Русия ва Важа Маргвелашвили аз Гурҷистон ҷойҳои севумро ишғол намуданд.

Занон бошанд, 11-уми январ дар се вазн рақобат карданд. Дистрия Красниқи (Косово, 48 кг), Амандин Бучард (Фаронса, 52 кг) ва Тсукаса Йошида (Ҷопон, 57 кг) бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.

Баъди натиҷагирии рӯзи аввали мусобиқа дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби ду медали тилло дар мақоми аввал аст. Мунтахаби Ҷопон бо як медали тилло ва ду нуқра дар ҷойи дувум ва мунтахаби Фаронса бо яктоӣ медали тилло, нуқра ва биринҷӣ дар ҷойи севум қарор доранд.

Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро се паҳлавони номдор - Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯзи Хоҷазода (ҳарду дар вазни то 73 кило) ва Темур Раҳимов (дар вазни беш аз 100 кило) намояндагӣ мекунанд.

Ду нафари онҳо – Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯзи Хоҷазода – имрӯз, 12-уми январ, ба рақобат мепардозанд. Бар асоси қуръакашӣ Сомон дар даври аввал бо Акил Гяков аз Косово рақобат хоҳад кард.

Рақиби аввалини Беҳрӯз Виктор Стерпу аз Молдова мебошад. Темур Раҳимов бошад, рӯзи чоршанбеи 13-уми январ дар даври аввал бо Штефан Ҳеги аз Австрия вориди рақобат мешавад.

Дар мусобиқаи World Judo Masters дар Доҳа варзишгарон ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ хоҳанд шуд. Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад.

Варзишгарон мувофиқи талаботи низомномаи Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио то 20-уми майи имсол имкон доранд, ки имтиёзҳо ба даст биёранд ва мавқеашонро дар феҳристи ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпӣ беҳтар намоянд.

Федератсияи байналмилалии ҷудо моҳи июни соли 2021 феҳристи ниҳоии ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпиро нашр мекунад ва 22 нафар беҳтаринҳо дар ҳар вазн соҳиби роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии Токио хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG