Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони паҳлавонони тоҷик дар World Judo Masters дар Доҳа маълум шуданд


Темур Раҳимов
Темур Раҳимов

Дар мусобиқаи World Judo Masters, ки имрӯз, 11-уми январ дар Доҳаи Қатар шуруъ шуд, Тоҷикистонро се варзишгар намояндагӣ хоҳад кард.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи World Judo Masters дар Доҳа 399 варзишгар (215 мард ва 184 зан) аз 69 кишвари панҷ қораи ҷаҳон ширкат дорад.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ Тоҷикистонро се паҳлавони номдор - Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯзи Хоҷазода (ҳарду дар вазни то 73 кило) ва Темур Раҳимов (+100 кг) – намояндагӣ мекунанд.

Ду нафари онҳо – Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯзи Хоҷазода - рӯзи сешанбе, 12-уми январ, ба рақобат мепардозанд. Бар асоси қуръакашӣ Сомон дар даври аввал бо Акил Гяков аз Косово, ғолиби Гран-Прии Будапешт-2019, рақобат мекунад. Рақиби аввалини Беҳрӯз Виктор Стерпу аз Молдова, қаҳрамони Аврупо дар соли 2020, мебошад. Дарвоқеъ, Беҳрӯз соли 2019 дар Гранд-Слеми Екатеринбург бар Стерпу ғолиб шуда буд.

Темур Раҳимов бошад, рӯзи чоршанбе, 13-уми январ, дар даври аввал бо Штефан Ҳеги аз Австрия вориди рақобат мешавад. Зимнан, Темур соли 2019 дар мусобиқаи Qingdao Judo Masters дар Чин Ҳегиро шикаст дода буд.

Дар мусобиқаи World Judo Masters дар Доҳа варзишгарон ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ хоҳанд шуд. Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад.

Варзишгарон мувофиқи талаботи низомномаи Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио то 20-уми майи имсол имкон доранд, ки имтиёзҳо ба даст биёранд ва мавқеашонро дар феҳристи ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпӣ беҳтар намоянд.

Федератсияи байналмилалии ҷудо моҳи июни соли 2021 феҳристи ниҳоии ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпиро нашр мекунад ва 22 нафар беҳтаринҳо дар ҳар вазн соҳиби роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии Токио хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG