Маросими қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ)-2021 дар минтақаи Душанбе доир шуд. Дар ин бора сомонаи расмии ФФТ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин мусобиқаи анъанавӣ дар ду марҳила – муқаддамотӣ ва ниҳоӣ – баргузор мешавад. Марҳилаи муқаддамотӣ дар се минтақа – Душанбе, Суғд ва Хатлон - сурат мегирад. Мусобиқа дар минтақаи Душанбе 23-юми январ оғоз меёбад.
Дар ин минтақа чаҳор дастаи лигаи олӣ ва панҷ дастаи лигаи аввал ширкат хоҳанд кард, ки бар асоси қуръакашӣ ба ду гурӯҳ ҷудо шуданд.
Ба гурӯҳи “А” дастаҳои “Локомотив-Помир”-и Душанбе, “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, “Кӯктош”-и Рӯдакӣ, ССКА-и Душанбе ва “Шоҳмансур”-и Душанбе ва ба гурӯҳи “Б” дастаҳои “Душанбе-83”-и Душанбе, “Ваҳдат”-и Ваҳдат, “Истиқлол”-и Душанбе ва “Барқчӣ”-и Ҳисор дохил гардиданд.
Бозиҳо дар минтақаи Душанбе аз рӯи системи даврӣ дар як давра баргузор мешаванд. Дар натиҷа дудастаӣ аз ҳар гурӯҳ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ, ки моҳи феврал дар Душанбе доир мегардад, роҳхат мегиранд.
Натиҷаи қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2021 дар минтақаи Душанбе:
Гурӯҳи «А»: «Локомотив-Помир», «Регар-ТадАЗ», «Кӯктош», ССКА, «Шоҳмансур».
Гурӯҳи «Б»: «Душанбе-83», «Ваҳдат», «Истиқлол», «Барқчӣ».
Ёдовар мешавем, бошгоҳи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ дар бозии ниҳоӣ, ки 1-уми марти соли гузашта дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, дастаи «Равшан»-и Кӯлобро бо ҳисоби 2:1 мағлуб карда, бори аввал барандаи Ҷоми ФФТ гардид.
Ба дастаи “Кӯктош” ба ҷуз аз Ҷоми ФФТ медалҳои тилло ва ба дастаи “Равшан” медалҳои нуқра супурда шуд. Барои ҷойи севум дастаҳои «Душанбе-83»-и Душанбе ва ССКА-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон талош карданд. Бозӣ ба нафъи «Душанбе-83» бо ҳисоби 3:2 анҷом ёфт. «Душанбе-83» бо медалҳои биринҷии Ҷоми ФФТ-2020 сарфароз гардид.
Бояд тазаккур дод, Ҷоми ФФТ аз соли 2012 барои бори даҳум сурат хоҳад гирифт. Ҳамагӣ чаҳор даста ин Ҷомро ба даст овардааст. “Истиқлол”-и Душанбе панҷ бор, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ду бор, “Хайр”-и Ваҳдат ва “Кӯктош”-и Рӯдакӣ якборӣ барандаи Ҷоми ФФТ гардидаанд.
Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми ФФТ (2012-2020):
2012 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хайр» (Ваҳдат) – 1:0
2013 – «Хайр» (Ваҳдат) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 6:5
2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:0
2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 5:1
2016 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:0
2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 3:1
2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 5:2
2020 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 1:2