Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

AFC санаи Ҷоми Осиё-2023 дар Чинро тасдиқ кард


Акс аз бойгонӣ

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни дастаҳои миллӣ аз 16-уми июн то 16-уми июли соли 2023 дар даҳ шаҳри Чин баргузор мешавад. Дар ин бора вебсайти расмии AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, 18-умин мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё, ки дар он 24 дастаи беҳтарини қора барои пирӯзӣ мубориза мебарад, тӯлонитарин дар таърихи худ хоҳад буд. Он 31 рӯз давом мекунад ва аз мусобиқаи соли 2019 дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, ки аввалин бор шумораи дастаҳо аз 16 ба 24 васеъ карда шуд, се рӯз зиёдтар идома меёбад.

"Корҳои омодагӣ, аз ҷумла сохтмони варзишгоҳи касбии футбол, ташкили мусобиқаҳо, дастгирии чорабиниҳо, барномаи ихтиёриён - ҳама чиз мувофиқи ҷадвал ҷараён дорад. Мо бо AFC барои баргузории як мусобиқаи олиҷаноб ҳамкорӣ хоҳем кард", - гуфт дабири кулли кумитаи тадорукоти маҳаллӣ Ши Тзян.

Ёдовар мешавем, ҳоло мунтахаби Тоҷикистон низ барои роҳ ёфтан ба финали Ҷоми Осиё-2023 мубориза мебарад, ҳарчанд имконияти хеле маҳдуд дорад. Мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" бо тимҳои миллии Ҷопон, Қирғизистон, Мянмар ва Муғулистон рақобат мекунад.

Дар ин гурӯҳ мунтахаби Ҷопон, ки бо 12 имтиёз мақоми аввалро касб намудааст, бешак, соҳиби роҳхат ба марҳилаи севуми мусобиқот мешавад.

Дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки ҳафтимтиёзӣ гирифтаанд, барои ҷойи дувум талош меварзанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо Қирғизистон дар ҷойи дувум ва Тоҷикистон дар ҷойи севум қарор доранд. Мянмар бо 6 имтиёз зинаи чаҳорум ва Муғулистон бо 3 имтиёз зинаи панҷумро ишғол кардаанд.

Бозиҳои боқимондаи мусобиқот дар гурӯҳи “F” ба далели пандемияи COVID-19 ба соли 2021 мавқуф гузошта шуд. Мунтахаби Тоҷикистон 25-уми март дар майдони худ бо мунтахаби Муғулистон, 7-уми июн дар меҳмонӣ бо тими миллии Ҷопон ва 15-уми июн дар хона бо мунтахаби Мянмар рақобат хоҳад кард.

Дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ҳамагӣ 40 даста ширкат дорад. Ҳашт ғолиби гурӯҳ ва чаҳор дастаи нишондодҳояш хубтари ҷойҳои дувуми гурӯҳҳо ба марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳ пайдо мекунанд, инчунин соҳиби роҳхатҳо ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.

Шарҳҳоро бинед

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG