Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сон Ҳюнг Мин беҳтарин футболбози Осиё дар соли 2020 шуд


Сон Ҳюнг Мин

Сон Ҳюнг Мин, ҳамлагари 28-солаи бошгоҳи "Тоттенҳэм"-и Англия ва мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ, беҳтарин футболбози Осиё дар соли 2020, ки онро нашрияи варзишии "Fox Sports Asia" таъсис додааст, эълон гардид. Барои ин ҷоиза 24 бозигар довталаб буд. Дар ин бора сомонаи нашрия хабар додааст.

Сон Ҳюнг Мин 286 имтиёз гирифт. Шогирди Жозе Моуринйо ба комёбии беназир ноил шуд, ӯ 35 дар сади раъйҳоро аз шумораи умумии овозҳо соҳиб гашт. Зимнан, Сон Ҳюнг Мин бори чаҳорум пайиҳам ба унвони беҳтарин футболбози Осиё даст ёфт.

Сардор Озмун, ҳамлагари бошгоҳи "Зенит"-и Санкт-Петербурги Русия ва мунтахаби Эрон, бо 89 имтиёз дар ҷойи дувум қарор гирифт. Ҳамлагари бошгоҳи ҷопонии "Улсан" Ҷуниор Негран бо 83 имтиёз мақоми севумро касб намуд.

Дар раъйдиҳӣ намояндагони нашрияҳои бузургтарини қораи Осиё иштирок карданд. Вале ин ҷоиза ба ҷоизаи "Футболбози сол дар Осиё", ки онро AFC (Конфедератсиони футболи Осиё) месупорад, ҳеҷ гуна алоқамандӣ надорад. Зимнан, ҷоизаи AFC низ порсол ба ҳамлагар Сон Ҳюнг Мин супурда шуда буд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG