Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мутахассиси тоҷик сармураббии "Олой"-и Қирғизистон шуд


Нуъмонҷон Юсупов

Нуъмонҷон Юсупов, мутахассиси 47-солаи тоҷик, сармураббии бошгоҳи “Олой”-и Ӯш, ки дар Премер-Лига ё Лигаи бартари футболи Қирғизистон бозӣ мекунад, таъйин шуд.

Чунонки сомонаи рrosports.kg хабар додааст, сармураббии навро имрӯз, 5-уми январ, ба аъзои бошгоҳи “Олой” муаррифӣ карданд. Бояд гуфт, ки “Олой” дар мавсими соли 2020 дар Премер-Лига ҷойи панҷумро касб карда, барандаи Ҷоми Қирғизистон шудааст.

Нӯъмонҷон Юсупов 24-уми апрели соли 1973 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Дар дастаҳои «Ситора» (Душанбе) ва «БДА» (Душанбе) бозӣ кардааст. Дар ҳайати “Ситора” ду бор (солҳои 1993 ва 1994) каҳрамони кишвар ва соли 1993 барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардидааст.

Баъдан ӯ ба кори мураббигӣ пардохт. Аз соли 1999 то 2005 дастаҳои бачагонаи мактабҳои футболи «Алмосӣ» ва ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон)-ро машқ додааст. Солҳои 2006-2007 сармураббии «Ҳосилот» (Данғара), солҳои 2007-2008 сармураббии ҳайати дувуми ССКА «Помир» (Душанбе), соли 2009 сармураббии ССКА «Помир», солҳои 2010-2011 сармураббии «Сабо» (Шаҳринав), солҳои 2012-2013 сармураббии ҳайати ҷавонони «Истиқлол», баъди анҷоми давраи аввали мусобиқоти қаҳрамонии кишвар соли 2013 мураббии калони «Истиқлол» буд.

Вай солҳои 2014-2016 вазифаи сармураббии “Хуҷанд”-ро ба зимма дошт. Таҳти раҳбарии ӯ “Хуҷанд” соли 2015 барандаи медалҳои нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон гардида, дар Ҷоми AFC-2016 ширкат кардааст.

Соли 2016 мураббии калони “Истиқлол” буд ва ҳамроҳи ин даста бо ҷоизаҳои мусобиқоти қаҳрамонии кишвар ва медали тиллои Ҷоми Тоҷикистон сарфароз гаштааст.

“Хуҷанд” бо раҳбарии Юсупов соли 2017 барандаи медалҳои нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ гардида, соли 2018 аввалин бор ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2019 роҳ пайдо кардааст.

Нуъмонҷон Юсупов, инчунин ҳамчун сармураббии дастаи «Сабо»-и ноҳияи Шаҳринав соли 2012 дар мусобиқоти лигаи якуми футболи Тоҷикистон бо медали биринҷӣ мукофотонида шудааст. Аз соли 2003 то 2013 дар дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар вазифаҳои мураббии калон ва сармураббӣ кор кардааст. Ӯ мураббии дорои муҷаввизи «А»-и Конфедератсиони футболи Осиё (AFC) мебошад.

Шарҳҳоро бинед

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG