Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Левандовски ва Осака беҳтарин варзишгарони сол шуданд


Ҳамлагари бошгоҳи «Бавария»-и Мюнхени Олмон ва мунтахаби Лаҳистон Роберт Левандовски

Анҷумани байналмилалии матбуоти варзишӣ (AIPS) беҳтарин варзишгарони соли 2020-ро муайян кард.

Ҳамлагари бошгоҳи «Бавария»-и Мюнхени Олмон ва мунтахаби Лаҳистон Роберт Левандовски дар байни мардон беҳтарин варзишгари сол дониста шуд (620 имтиёз).

Дар ин феҳрист ронандаи “Формула-1” Люис Ҳэмилтони бритонӣ (546 имтиёз) дар ҷойи дувум қарор гирифт. Мақоми севумро теннисбози испанӣ Рафаэл Надал (327 имтиёз) ишғол кард.

Дар миёни занон теннисбози ҷопонӣ Наоми Осака (526 имтиёз) беҳтарин варзишгари сол эълон шуд.

Юлимар Рохаси венесуэлагӣ (331 имтиёз) оид ба варзиши сабук (ҷаҳиши секарата) мақоми дувумро касб намуд.

Теннисбоз Серена Уилямси амрикоӣ (327 имтиёз) дар ҷойи севум қарор гирифт.

Ёдовар мешавем, Роберт Левандовскии 32-сола қаблан ҷоизаҳоро барои беҳтарин бозигари соли 2020 аз рӯи фарзияи Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) ва Globe Soccer Awards дарёфт карда буд. Ҳамчунин Левандовски аз рӯи натиҷаҳои назарсанҷии World Football Summit (Саммити ҷаҳонии футбол) миёни корбарони сомонаи As.com ва ҳакамони вижа беҳтарин футболбози сол эълон шуд.

Ба ғайр аз ин, Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол дастаи мунтахаби рамзии соли 2020-ро эълон кард, ки аз 11 бозигари дар феҳристи IFFHS зикршуда якеаш ҳамлагар Роберт Левандовски мебошад.

Наоми Осакаи 24-сола дар мавсими гузашта ғолиби мусобиқаи байналмилалии US Open шуд ва мавсими соли гузаштаро дар феҳристи ҷаҳонӣ дар ҷойи 3-юм ба анҷом расонд.

Шарҳҳоро бинед

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG