Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвин Юсуфӣ мегӯяд, барои модараш метарсид. ВИДЕО


Парвин Юсуфӣ, овозхони шинохтаи тоҷик мегӯяд, дар соли 2020 мисли бисёре аз мардуми дунё тарсид, вале на барои худаш, балки барои модар ва дигар наздиконаш, ки мабодо ба бемории СОVID-19 гирифтор нашаванд.

Ӯ дар остонаи соли нави милодӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бинобар бемории ҳамагири COVID-19 соли 2020 соли сахте барои аксарияти мардум дар ҷаҳон буд. Парвин Юсуфӣ афзуд: “Ман барои хешу таборон барои наздиконам тарс доштам, барои модарам, барои хоҳаронам, додаронам, ҷиянҳоям, лекин барои худам наметарсидам.”

Ба қавли овозхон, азбаски дар бемористонҳои Тоҷикистон табибон ба кумак эҳтиёҷ доштанд, мехост ба яке аз шифохонаҳо бираваду ба ҳайси дастёр кумак расонад, вале аз бими осеб расондан ба оила ин корро карда натавонист.

Ӯ мегӯяд: “Ҳамин қадар мехостам, ки ба ягон беморхона раваму волонтёр (ихтиёрӣ) кор кунам ва кумак расонам, вале ман масъулияти оилаву масъулияти нигаҳбонии модарамро доштам. Чунки медонистам, ки агар ман барояму гирифторӣ ин беморӣ шавам, ба хона баргардам, ягон касро ба ҳамин беморӣ гирифтор мекунам.”

Парвин Юсуфӣ гуфт, соли 2020-ро бо ду нерӯи қавӣ пушти сар кард, ки яке аз онҳо ҳам меҳр аст ва таманниёташ ба мардуми Тоҷикистонро ҳам гуфту, як таронаеро ҳам барои шумо суруд. Дар ин видео бубинед:

Парвин Юсуфӣ мегӯяд, на барои худаш, балки барои модараш метарсид
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:45 0:00

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG