Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии футзал ҷойи 62-юмро гирифт


Дастаи мунтахаби футсали Тоҷикистон.
Дастаи мунтахаби футсали Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар рейтинг ё раддабандии ҷаҳонӣ, ки дар сайти futsalworldranking.be 29-уми декабр нашр шудааст, дар байни 115 кишвар бо 921 имтиёз дар ҷойгоҳи 62-юм қарор гирифтааст.

Тоҷикистон дар байни дастаҳои мунтахаби миллии футзали Осиё мақоми 11-умро соҳиб шудааст. Дар Осиё Эрон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон бо 1609 имтиёз дар зинаи 6-ум) қарор дорад. Ҷопон дувум (дар ҷаҳон 16-ум, 1368 имтиёз) ва Узбекистон севум (дар ҷаҳон 28-ум, 1195 имтиёз) мебошанд.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ аз Туркманистон (69-ум), Арманистон (70-ум), Литва (91-ум) ва Эстония (110-ум) пеш аст, вале дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Қазоқистон (7-ум), Узбекистон (28-ум) ва Қирғизистон (42-юм) ҷойгир шудааст.

Дар феҳристи нави ҷаҳонӣ мунтахаби футзали Испания бо 1808 имтиёз ҷойи аввалро касб намудааст. Бразилия бо 1803 имтиёз дар зинаи дувум ва Аргентина бо 1694 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудаанд.

Ба даҳгонаи аввал, инчунин Русия (1642 имтиёз), Португалия (1639 имтиёз), Эрон (1609 имтиёз), Қазоқистон (1561 имтиёз), Италия (1500 имтиёз), Парагвай (1479 имтиёз) ва Хорватия (1456 имтиёз) дохиланд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон моҳи ноябри имсол ду бозии дӯстона анҷом дод. Нахуст бозии дӯстона бо тими миллии Қирғизистон, ки 19-уми ноябр дар шаҳри Олмалиқи Узбекистон баргузор шуд, бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Баъдан дар бозии дигари дӯстона, ки дар шаҳри Тошканд доир гардид, аз тими миллии Узбекистон бо ҳисоби 2:4 мағлуб гашт.

Ин бозиҳои дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Александр Дзабирадзе, мутахассиси гурҷӣ, дар доираи омодагии даста ба мусобиқаи қаҳрамонии футзали Осиё баргузор шуданд. Зимнан, мунтахаби Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё, ки аз 23-юми март то 3-юми апрели соли оянда дар Кувайт барпо мегардад, дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои Туркманистон, Ветнам ва Умон рақобат хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG