Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беҳтарин футболбоз ва мураббии асри XXI номбар шуданд


Криштиану Роналду.
Криштиану Роналду.

Ҳамлагари дастаи “Ювентус”-и Турини Италия ва мунтахаби Португалия Криштиану Роналду ҷоизаи Globe Soccer Awards -ро ҳамчун беҳтарин футболбози асри XXI дарёфт кард. Дар ин бора дар Twitter ин ҷоиза хабар дода шудааст.

Барои дарёфти ҷоизаи Globe Soccer Awards ба ҷуз аз Роналду, ҳамлагари "Ливерпул"-и Англия Муҳаммад Салоҳ, футболбози бразилӣ Роналдинйо ва капитан ё сарвони тими "Барселона"-и Испания Лионел Месси мубориза бурданд.

Зикр мешавад, ки Роналду дар тӯли карйераи худ панҷ маротиба Ҷоми қаҳрамонҳоро ба даст овардааст ва инчунин дар мусобиқоти қаҳрамонии Италия, Испания ва Англия ғолиб шудааст.

Сармураббии бошгоҳи “Манчестер Сити”-и Англия Хосеп Гвардиола ҷоизаи Globe Soccer Awards барои беҳтарин мураббии асри 21-ро гирифт.

Ба ғайр аз Гвардиола, боз се мутахассиси дигар метавонистанд беҳтарин мураббии асри XXI шаванд. Инҳо Зинедин Зидани фаронсавӣ (“Реал”-и Мадрид), Жозе Моуринюи португолӣ (“Тоттенҳэм”-и Англия) ва Алекс Фергюсон мебошанд.

Гвардиола ба ғайр аз “Манчестер Сити”, инчунин бо “Бавария”-и Мюнхен ва “Барселона” кор кардааст. Вай 29 унвонро ба даст овардааст, аз ҷумла ҳашттоаш дар мусобиқоти қаҳрамонии миллӣ ва дутоаш дар Лигаи қаҳрамонҳо.

XS
SM
MD
LG