Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлавари дастаи "Истаравшан" беҳтарин футболбози сол шуд


Илҳомҷон Баротов (аз чап) беҳтарин футболбози Тоҷикистон дар соли 2020 шинохта шуд.
Илҳомҷон Баротов (аз чап) беҳтарин футболбози Тоҷикистон дар соли 2020 шинохта шуд.

Илҳомҷон Баротов, ҳамлагари дастаи "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан ва узви мунтахаби миллии Тоҷикистон, беҳтарин футболбози кишвар дар соли 2020 эълон шуд.

Ба ҷуз аз капитан ё сарвони “Истаравшан” Илҳомҷон Баротов, собиқ нимҳимоятгари “Истиқлол”-и Душанбе Эҳсони Панҷшанбе ва собиқ бозигари “Хуҷанд”-и Хуҷанд Фатҳулло Фатҳуллоев барои унвони беҳтарин бозигари сол муддаӣ буданд.

Дар натиҷа Илҳомҷон Баротови 30-сола дар ин номинатсия беҳтарин эътироф шуд. Ӯ инчунин соҳиби ҷоизаҳои беҳтарин голзани қаҳрамонии Тоҷикистон-2020 ва беҳтарин ҳамлагари мавсими имсола гардид.

Рустам Ятимов («Истиқлол») беҳтарин дарвозабони қаҳрамонии Тоҷикистон-2020 дониста шуд. Ҷоизаи беҳтарин ҳимоятгарро Фирдавс Чақалов («Хуҷанд») гирифт. Алишер Ҷалилов («Истиқлол») беҳтарин нимҳимоятгар эътироф гашт. Ҷоизаи беҳтарин мураббӣ ба сармураббии “Истиқлол” Виталий Левченко супурда шуд. Ҷоизаи довари беҳтарини солро Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе) азони худ кард. Ҷоизаи беҳтарин легионере, ки дар қаҳрамонии Тоҷикистон бозӣ мекунад, насиби Алексей Ларини украинӣ шуд.

Маросими ҷоизасупории Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), ки дар он барандагони ҷоизаҳои инфиродӣ дар соли 2020 муайян карда шуданд, 28-уми декабр доир гардид.

Аз рӯи натиҷагирии мавсими футболи соли 2020 ғолибони лигаҳои ҷавонон ва занон, қаҳрамонии футзал ва собиқадорон, ҷавонон, лигаҳои якум ва олии Тоҷикистон, инчунин ғолибон дар дигар номинатсияҳо бо ҷоизаҳои ФФТ сарфароз шуданд.

Бояд гуфт, ки бинобар пандемияи COVID-19 маросим дар шакли телевизионӣ бе иштироки меҳмонон доир гардид.

Беҳтаринҳои футболи Тоҷикистон дар мавсими соли 2020:

Лигаи наврасон «Пешсаф» (U-15)
Беҳтарин бозигар – Ҳайдаршо Худойдодов («Суғд»)
Беҳтарин нишонзан – Диловар Азизов («Равшан»)
Беҳтарин мураббӣ – Фаридун Рустамов («Равшан»)

Лигаи наврасон «Пешсаф» (U-17)
Беҳтарин бозигар – Абубакр Сулаймонов (МҶМОВ-2)
Беҳтарин нишонзан – Далер Махатов («Ҷавонӣ», Ҷаббор Расулов)
Беҳтарин мураббӣ – Сафаралӣ Раҳмонов (МҶМОВ-2)

Лигаи ҷавонон (U-18)
Беҳтарин бозигар – Кароматулло Боронов («Орзу-2026»)
Беҳтарин нишонзан – Абдулло Шарипов (МҶМОВ)
Беҳтарин мураббӣ – Рустам Қурбонов («Орзу-2026»)

Лигаи бонувон
Беҳтарин дарвозабон – Сайёра Саидова («Зебонисо»)
Беҳтарин нишонзан – Лайло Ҳалимова («Хатлон»)
Беҳтарин бозигар – Рафина Нормуродова («Бешкент»)
Беҳтарин мураббӣ – Зебо Гасимова («Зебонисо»)

Лигаи касбии футзал
Беҳтарин дарвозабон – Фирӯз Бекмуродов («Сипар»)
Беҳтарин ҳимоятгар – Дилшод Саломов («Сипар»)
Беҳтарин бозигари канорӣ – Самандар Ризомов («Муҳоҷир»)
Беҳтарин бозигари универсалӣ – Вахтанг Кекелия («Соро компания»)
Беҳтарин бозигари марказ – Некрӯз Алимаҳмадов («Соро компания»)
Беҳтарин бозигар – Дилшод Саломов («Сипар»)
Беҳтарин мураббӣ – Евгений Осинсев («Сипар»)

Собиқадорон
Беҳтарин бозигар – Насим Давлатов («Равшан»)
Беҳтарин нишонзан – Шуҷоат Неъматов («Ромис-Испечак»)
Беҳтарин мураббӣ – Ориф Маҳмудов («Ҳосилот»)

Лигаи якум
Беҳтарин бозигар – Аваз Қамчинов («Ҳулбук»)
Беҳтарин мураббӣ – Ғайраталӣ Мираҳмадов («Равшан»)

Ҳайати ҷавонони дастаҳои лигаи олӣ
Беҳтарин бозигар – Парвиз Алиев («Хуҷанд»)
Беҳтарин мураббӣ – Аҳлиддин Турдиев («Локомотив-Помир»)

Лигаи олӣ
Беҳтарин дарвозабон – Рустам Ятимов («Истиқлол»)
Беҳтарин ҳимоятгар – Фирдавс Чақалов («Хуҷанд»)
Беҳтарин нимҳимоятгар – Алишер Ҷалилов («Истиқлол»)
Беҳтарин ҳамлагар – Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»)
Беҳтарин легионер – Алексей Ларин («Истиқлол»)
Беҳтарин мураббӣ – Виталий Левченко («Истиқлол»)
Беҳтарин довар – Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе)
Беҳтарин бозигар – Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»)

XS
SM
MD
LG