Истифода аз ваксинаи зидди коронавируси нав, ки аз сӯи донишмандони Оксфорд якҷо бо ширкати AstraZeneca сохта шудааст, эҳтимол аз 4-уми январи соли 2021 дар Бритониё оғоз шавад.
Нашрияи Sunday Times бо истинод ба мақомҳои баландпояи ҳукумати Бритониё иттилоъ додааст, ки мақомоти ин кишвар то охири сол ба истифодаи ваксинаи мазкур иҷозат хоҳанд дод.
Ваксинаи Оксфорд дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ барои сохтани маводи пешгирикунанда аз сирояти коронавируси нав пешгом буд. Вале дар марҳалаи севуми озмоиш таъсирнокияш камтар баромад. Сипас коркардкунандагони ваксина роҳҳои дигари истифодаи он, аз ҷумла якҷо бо маводи дигар, аз қабили ваксинаи русии "Спутник V"-ро озмоиш карданд.
Раҳбари "AstraZeneca" Паскал Сорио дар суҳбат бо Sunday Times гуфтааст, онҳо тавонистанд ҳаҷми мояеро муайян кунанд, ки таъсирнокии ваксинаро то ба 95 дарсад боло хоҳад бурд. Дар сурати мусбат баромадани натиҷа ин ваксина назар ба ваксинаҳои дигар арзон хоҳад буд.
Дар ҳоли ҳозир зидди коронавирус дар Амрико ваксинаи Pfizer ва Moderna, дар Русия ваксинаҳои "Спутник V" ва "ЭпиВакКорона", дар Иттиҳоди Аврупо ва Бритониё ваксинаи Pfizer ба қайд гирифта шудааст.