Дар конгресси V Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки 25-уми декабр ба таври онлайн доир гардид, вакилон аз федератсияҳои футболи Афғонистон, Эрон, Узбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Қирғизистон ширкат варзиданд.
Чунонки сомонаи sport.kg хабар додааст, ҷаласа таҳти раёсати ноиби президенти Иттиҳоди футболи Қирғизистон Достонбек Конокбоев, ки муовини аввали раиси CAFA мебошад, баргузор шуд.
Дар ҷараёни конгресс дабири кулли CAFA Улуғбек Каримов (Тоҷикистон) дар бораи фаъолияти CAFA маърӯза кард. Инчунин иштироккунандагони конгресс Оинномаи нав ва буҷаи соли 2021-ро тасдиқ намуданд.
Ба далели пандемияи COVID-19 соли 2020 ягон мусобиқаи CAFA баргузор нашудааст. Роҳбарияти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ изҳори умедворӣ кард, ки соли оянда пас аз беҳтар шудани вазъи эпидемиологӣ ва барқароршавии парвозҳо байни кишварҳо, мусобиқаҳо таҳти сарпарастии CAFA баргузор хоҳанд шуд.
Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки моҳи июни соли 2014 таъсис ёфтааст, ба яке аз панҷ минтақаи Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) шомил аст. CAFA федератсияҳои футболи шаш кишвар – Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эронро муттаҳид месозад.
Рустами Эмомалӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, роҳбарии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад. Ӯ 24-уми апрели соли гузашта дар Душанбе президенти нави CAFA интихоб шудааст.
Муовинони ӯ дар ин мақом Достонбек Конокбоев аз Қирғизистон ва Арслон Ойназаров аз Туркманистон мебошанд. Феълан дафтари Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар пойтахти Тоҷикистон қарор дорад.
Худовандо тамоми чумхурихои сохибистиклоли собик Шуравиро аз нияту амал ва ВАХШОНИЯТИ ПУТИН начот бахш.
бритони аввал ба афгонистон тнчи ороми орад. покситонро бритоние ташкил кард навбати толибистон шуд боз чи максад дошта бошад дар помири точикистон
ТАКЛИДИ СИСТЕМАИ МОРИФИ ЯПОНИ КОРЕЯИ ЧАНИБИРО БОЯД БА РОХ МОНД. АММО МО НАМЕХОХЕМ БА ЯПОНИЯ КОРЕЯИ ЧАНУБИ ВА СИНГАПУР БАРОБАР ШАВЕМ .МИКЕС ВА МУКОИСА ФАКАТ БО АФГОНИСТОНУ ТУРКМАНИСТОНУ ПАПУА НОВАЯ ГВИНЕЯ!!! МУАЛЛИМ НА КАМ АЗ 1000 ДОЛЛАР БОЯД МАОШ ГИРАД.ПРОФЕССОРОН 5-6 ХАЗОР ДОЛЛАР БАЪД ТАЛАБ НАМОЕД КАДРИ ЧАВОНУ ДОНИШМАНДРО
Радио озоди дида мешавад ки шумо худ бар зиди сатру ҳиҷобед барои ҳамин фақат коментарияҳои зидди исломро нашр мекунед, аз Аллоҳ наметарсед магар? , чаро коментарияҳои мусалмононро нашр намекунед? , шахс надонад бо ин коментарияҳои зидди исломи фикр мекунад ки тоҷики мусалмон намондааст.
Чаро 15 ҳазор омӯзгори тоҷик тарки пеша карданд? Аз сатҳи баланди зиндагӣ, Аз маошҳои баланд, Аз адолати иҷтимоӣ, Аз адолати судӣ, Аз баробари дар назди қонун, Аз набудани маҳалгароӣ, Аз набудани коррупсия ва ғайраҳо ....