Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омори расмии гирифторони COVID-19 дар Тоҷикистон аз 13 ҳазор гузашт


Акс аз моҳи майи соли 2020
Акс аз моҳи майи соли 2020

Шумори расмии гирифторони бемории коронавирус дар Тоҷикистон рӯзи 22-юми декабр ба 13 ҳазору 34 кас расид. Намояндагони Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфтанд, дар шабонарӯзи охир 36 мавриди навро ошкор карданд.

Ба иттилои расмӣ, аз охири моҳи апрел, замони эътирофи мавҷудияти коронавирус дар Тоҷикистон, то ин дам 89 нафар аз бемории ҳамагир ҷон бохта, тақрибан дувоздаҳуним ҳазор нафар шифо ёфтаанд.

Мақомот аз ин бештар ҷузъиёт намедиҳанд, вале мунтақидон ба омори расмӣ бо шубҳа менигаранд. Ба бовари онҳо, омори воқеии беморон ва талафот аз коронавирус бамаротиб бештар аст.

Радиои Озодӣ то кунун рӯйхати 231 нафарро ҷамъ овардааст, ки бино бар тасдиқи пайвандон, пизишкон ва навиштаи расонаҳо аз коронавируси нав ва илтиҳоби шуш фавтидаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар Қирғизистон, кишвари ҳамсояи Тоҷикистон, дар шабонарӯзи ахир 230 ҳолати нави гирифтории сокинонро ба коронавируси нав ошкор кардаанд. Шумори умумии беморон дар ин кишвар рӯзи 23-юми декабр ба беш аз 79 ҳазор расид. 1337 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

XS
SM
MD
LG