Футболбозони дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев ба бозиҳои дӯстона бо ҳамсолонашон аз Эрон омодагӣ мебинанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҷамъомади таълимиву тамринии даста, ки дар Душанбу ҷараён дорад, 22 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват шудаанд.
Бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистону Эрон рӯзҳои 23-юм ва 26-уми декабр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.
Бояд гуфт, ки мунтахабҳои наврасони ҳарду кишвар худро барои рақобатҳои қаҳрамонии футболи Осиё, ки ҳукми интихобии Ҷоми ҷаҳониро дорад, омода мекунанд.
Ёдовар мешавем, футболбозони навраси тоҷик дар қаҳрамонии Осиё (U-16), ки соли оянда дар Баҳрайн доир мегардад, дар гурӯҳи “В” бо тимҳои мунтахаби Умон, Яман ва Иморати Муттаҳидаи Арабӣ рақобат хоҳанд кард.
Ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар бозиҳои дӯстона бо мунтахаби Эрон:
Дарвозабонҳо: Сафармад Ғаффоров, Шаҳобиддин Маҳмудзода (ҳарду аз «Локомотив-Помир»), Суҳробхуҷа Юсупов («Хуҷанд»);
Ҳимоятгарон: Меҳрубони Абдурауф, Ҳукмиддин Шомуродов, Фахриддин Аҳтамов, Шаҳриёри Иноятулло, Рузимуҳаммад Абдураҳмонов, Қурбоналӣ Муродов, Нурсултон Норбойзода (ҳама аз «Локомотив-Помир»);
Нимҳимоятгарон: Кабир Салимшоев, Аббос Андалибов, Бежан Нишонбойзода, Меҳрубон Каримов (ҳама аз «Локомотив-Помир»), Кароматулло Боронов (Академияи футболи ФФТ), Амирҷони Фаррухзод («Равшан»), Азизбек Далиев («Регар-ТадАЗ»), Абдулло Шарипов (МҶМОВ);
Ҳамлагарон: Абдулфаттоҳи Худойдодзода, Суннатулло Азизов, Асадбек Ҷӯрабекзода, Хуршед Давлатзода (зама аз «Локомотив-Помир»).
Сармураббӣ – Аҳлиддин Турдиев.
Бозиҳои дӯстона
23 декабр (чоршанбе)
Оғози бозӣ – соати 14:00
Тоҷикистон (U-16) – Эрон (U-16)
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
26 декабр (шанбе)
Оғози бозӣ – соати 14:00
Тоҷикистон (U-16) – Эрон (U-16)
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
Боз ҳам суол бармегардад ба худи мақомот, чун ӯро ҷое нагурезонданд ва гуноҳро иқрор карда дасти мақомот таслим карданд. Дигар натиҷаро додгоҳ бароварда ва суол ҳам ҳамин аст, ки оё қонун барои ҳама баробар аст?
Дар 5 сол якум бор хабари хуш омад
Чавонони точик бе ягон аблава ба хизмат мераван лекин сабаб дар чи бошадки аблаваро специально снимат мекунанду дар интернет регулярно мепартоянд. Ман фигр мекунам хамаи ин корхо баркастона токи чавононро аз рафтан ба хизмат тарсонанд, чунки точикистон кувати хурондану пушондани аскархоро надорад. Агар аз статистикаи чахони гирем хар як давлат бояд дар хар як миллион ахолияш хафт хазор аскар дошта бошад, ва точикистони мо низ дар нух миллион ахоли 63 хазор аскар бояд дошта бошад. Барои хамин облава ташкил карда ва дар бораи дедовшина гап мезанан барои тарсондан.
Масчид бошад яъне намозгузори дар рохи Оллох-Худои яка ва Хазрати Мухаммад сав, хамма аз чиноят ва беакли даст мекашад, бояд забони арабиро биомузем то бесаводон гумрох накунанд моро!
Алхамдулиллох