Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатар ва Арабистони Саудӣ мизбони Бозиҳои осиёӣ интихоб шуданд


Бозиҳои осиёӣ дар Қатар. Акс аз бойгонӣ.
Бозиҳои осиёӣ дар Қатар. Акс аз бойгонӣ.

Бозиҳои XXI осиёӣ соли 2030 дар шаҳри Доҳаи Қатар ва Бозиҳои XXII осиёӣ соли 2034 дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор мешаванд. Ин тасмим дар натиҷаи овоздиҳии пӯшида дар Ассамблеяи XXXIX кулли Шӯрои олимпии Осиё, ки 16-уми декабр дар Масқати Умон доир гардид, гирифта шуд.

Дар ҷаласа зикр гардид, ки Доҳа барои доир кардани Бозиҳои осиёӣ комилан омодааст, ҳамаи иншооти варзишӣ ба талаботи замон ҷавобгӯянд.

Мизбони Бозиҳои XXI осиёӣ интихоб шудани Доҳа эътибори онро ҳамчун шаҳри варзишӣ дар сатҳи ҷаҳон баланд хоҳад бардошт. Зимнан, қисми ниҳоии қаҳрамонии навбатии ҷаҳон оид ба футбол соли 2022 дар Қатар доир мегардад.

Шаҳри Риёз, ки ягон маротиба мизбони Бозиҳои осиёӣ набуд, ҳамакнун соли 2034 макони баргузории ин чорабинии бузурги варзишии қораи Осиё хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, Бозиҳои XIX осиёӣ аз 10-ум то 25-уми сентябри соли 2022 дар Ҳангжоуи Чин ва Бозиҳои XX осиёӣ аз 19-уми сентябр то 4-уми октябри соли 2026 дар шаҳрҳои Аичи ва Нагаяи Ҷопон баргузор мешаванд.

Соли оянда баргузории се чорабинии варзишӣ дар сатҳи қора дар назар аст. Бозиҳои VI соҳилии Осиё моҳи апрел дар Чин, Бозиҳои VI осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размӣ моҳи май дар Тайланд ва Бозиҳои III осиёии наврасон моҳи ноябр дар Шантоуи Чин доир хоҳанд шуд.

Президенти Шӯрои олимпии Осиё шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ дар Ассамблеяи XXXIX кулли Шӯрои олимпии Осиё гуфт, "вазифаи асосии мо таъмин кардани муҳити бехатар ва шароити созгор барои варзишгарон дар чорабиниҳои соли оянда ва Бозиҳои осиёӣ-2022 мебошад.»

Дар Бозиҳои XVIII осиёӣ, ки соли 2018 дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор шуд, беш аз 11 ҳазор варзишгар аз 45 кишвари қора иштирок доштанд. Дар ин Бозиҳо варзишгарони тоҷик ҳафт медал (чор нуқра ва се биринҷӣ) ба даст оварданд.

Чор медали нуқраро Дилшод Назаров дар риштаи гурзандозӣ, Беҳрӯзи Хоҷазода оид ба гуштии кураш, Шаҳриёр Даминов дар мусобиқаи инфиродии қаиқронӣ дар каноэи якнафарӣ ба масофаи 1000 метр ва Умед Ҳасанбеков дар риштаи самбо дар вазни беш аз 100 кило гирифтанд.

Аз се медали биринҷӣ дутоашро Комроншоҳи Устопириён дар риштаҳои ҷудо ва самбо дар вазни зери 90 кило ва яктоашро Шакармамад Мирмамадов оид ба ҷудо дар вазни беш аз 100 кило соҳиб шуданд.

Вале Умед Ҳасанбеков барои истеъмоли маводҳои мамнуъ, ки Оҷонсии ҷаҳонии зидди допинг (WADA) онҳоро ба "рӯйхати сиёҳ"-аш ворид кардааст, бо тасмими Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) аз медали нуқраи Бозиҳои осиёӣ маҳрум гашт ва ба муддати чаҳор сол (то 6-уми феврали соли 2023) ҳуқуқ надорад дар мусобиқоти расмӣ ширкат варзад.

XS
SM
MD
LG