Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Харҷи интихоботи президентии Қирғизистон 2,5 млн сом зиёд шуд


Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ.
Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ.

Комиссияи марказии интихоботии Қирғзистон 16 декабр ба нақшаи харҷи омодагиҳо ва баргузор кардани интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ тағйирот ворид кард.

Ба огаҳии комиссия, нақшаи пешини харҷҳои интихоботӣ, ки 2 ноябр тасдиқ шуда буд, 686 миллиону 451 ҳазору 337 сомро ташкил медод. Ҳамакнун ин маблағ ба 688 миллиону 961 ҳазор сом расонида шуд, ки 2 миллиону 509 ҳазор сом (наздики 30 ҳазор доллар) бештар аст.

Масъулони комиссия мегӯянд, ин тасмим ба хотири сармоягузории 16 нуқтаи раъйдиҳии иловагӣ дар дохил ва хориҷ аз Қирғизистон гирифта шудааст.

Интихоботи пеш аз муҳлати президентии Қирғизистон 10 январи соли 2021 баргузор мешавад. Номзадии 18 кас ба мақоми президентии ин кишвар дар интихоботи пешорӯ ба қайд гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG