Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

France Football беҳтарин футболбозони ҳама давру замонро номбар кард


Пеле ва Марадона.

Нашрияи France Football дастаи орзуҳо (Dream Team) - беҳтарин футболбозонро дар таърихи варзиш муаррифӣ кард. Рӯйхати пурра дар вебсайти маҷалла дастрас аст.

Дарвозабони дастаи мунтахаби миллии СССР Лев Яшин дар дарвозаи дастаи рамзӣ ҷой гирифт. Беҳтарин ҳимоятгарон дар таърих Кафуи бразилӣ, намояндаи Олмон Франс Бекенбауэр ва Паоло Малдинии итолиёвӣ мебошанд.

Нимҳимоятгарони дастаи France Football Лоттар Маттеуси олмонӣ, Диего Марадонаи аргентинӣ, Хави Эрнандеси испанӣ ва Пелеи бразилӣ интихоб шуданд.

Нашрия Лионел Мессии аргентинӣ, Роналдои бразилӣ ва Криштиану Роналдуи португалиро беҳтарин ҳамлагарон номид.

France Football дастаро дар асоси пурсише ташкил кард, ки дар он 177 журналист аз нашрияҳои пешрафтаи ҷаҳон аз рӯи нақшаи 3-4-3 иштирок намуданд, ки дар овоздиҳӣ барои “Тӯби тиллоӣ” ширкат меварзанд.

Дастаи орзу аз France Football:

Дарвозабон: Лев Яшин;

Ҳимоятгарон: Кафу, Франс Беккенбауэр ва Паоло Малдини;

Нимҳимоятгарон: Хави, Лотар Маттеус, Пеле ва Диего Марадона;

Ҳамлагарон: Лионел Месси, Роналдо ва Криштиану Роналду.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG