Умар Кремлёви русиягӣ президенти нави Анҷумани байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) интихоб гардид. Ӯ дар иҷлосияи ғайринавбатии AIBA, ки 12-уми декабр ба таври онлайн сурат гирифт, пас аз чор даври овоздиҳӣ ғолиб эълон шуд.
Дабири кулли Федератсияи бокси Русия ва узви кумитаи иҷроияи AIBA Кремлёви 38-сола дар даври чорум бо 86 раъй бар Борис ван дер Ворст аз Ҳолланд (45 раъй) ва иҷрокунандаи вазифаи президенти AIBA Муҳаммад Мустаҳсана (19 раъй) ғолиб омад.
Умар Кремлёв, ки ҳамзамон ноиби аввали президенти Конфедератсияи бокси Аврупо мебошад, дар мақоми президенти AIBA Мустаҳсанаро иваз мекунад, ки пас аз истеъфои Ғафур Раҳимов муваққатан ин вазифаро иҷро мекард.
Тоҷир ва муштзани собиқи Узбекистон Ғафур Раҳимов, маъруф бо лақаби Ғафур-бойбача, моҳи ноябри соли 2018 президенти нави AIBA интихоб шуда буд. Вале интихоби ӯ ба ин мақом норозигии Кумитаи байналмилалии олимпиро ба бор овард. Вазорати молияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико номи Раҳимовро ба далели иртиботи вай бо “мафияи фаромиллӣ” ба рӯйхати таҳримшудаҳо шомил кардааст.
Раҳимов моҳи марти соли гузашта эълон карда буд, ки аз вазифааш муваққатан даст кашидааст. Аммо бар асоси ойинномаи AIBA ӯ имкон дошт, ки дар ҷараёни сол бидуни интихобот ба мақомаш баргардад.
Бо қарори кумитаи иҷроияи AIBA аз 27-уми июни соли 2019 ин банд аз ойиннома лағв шуд, яъне раҳбар аз имкони бозгашт маҳрум гардид. 15-уми июли соли гузашта Раҳимов дар бораи истеъфои ниҳоии худ аз мақоми президенти AIBA эълон кард.
Барои барканории комили Раҳимов дабири кулли Федератсияи бокси Русия Умар Кремлёв дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи AIBA дар Женева суханронӣ карда буд. Кремлёв ба иҷрокунандаи вазифаи президенти AIBA Муҳаммад Мустаҳсанӣ, инчунин раҳбари комиссиюни этика Йост Шмид нобоварӣ изҳор дошта буд.
Вазифаи асосии Кремлев то Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Париж мақоми AIBA-ро дар Кумитаи байналмилалии олимпӣ барқарор кардан аст.
“Барқарор кардани AIBA кори осон нахоҳад буд. Ин кор дар як соат иҷро намешавад. Мо бояд дар муттаҳидӣ ва барои расидан ба як ҳадаф кор кунем: барқарор кардани мақом ва эътиборе, ки замоне дар ақли варзишгарони тамоми ҷаҳон буд ва ин албатта барқарор намудани мақоми олимпии AIBA мебошад”, - иброз доштааст раҳбари нави AIBA.
Кремлёв ваъда дода буд агар президент интихоб шавад, қарзи AIBA-ро, ки ҳудуди 20 миллион долларро ташкил медиҳад, пардохт хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, Кумитаи байналмилалии олимпӣ моҳи июни соли 2019 бо сабаби мудирияти нодуруст эътирофи AIBA-ро муваққатан боз дошт ва гузаронидани мусобиқаҳои интихобӣ оид ба боксро ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 ба уҳдаи худ гирифт.
Бояд гуфт, ки дар мусобиқаи интихобии олимпӣ дар минтақаи Осиё/Уқёнус, ки моҳи марти имсол дар шаҳри Аммони Урдун баргузор шуд, ду муштзани тоҷик - Баҳодур Усмонов дар вазни 63 кило ва Шаббос Неъматуллоев дар вазни 81 кило - ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио роҳхат гирифтанд.
Рахмат ба президентони ду кишвар. Ин ду халки дустро касе чудо карда наметавонад. Онхо садсолахо бо хам зистанду урфу одати ягона доранд. Ислом Каримов барои сардии байни ду халки бародар андохтааш дар таърих садсолахо бо "некй" ёд хохад шуд!!!
Чуба аку сурати Чаноби Рустама монден да ича е мехохен гуенд ки карза Чаноби Рустам дар оянда месупора... Чаноби Рустама мехохонд беобру кунанд баьзехо аммо хамиро Фаромуш накунед ки ин шахсият натанхо сиесат шинос балки ободкор хам аст президент шавад бовар кунед аз падараш хам ободкортару ихтироькортар аст Аллох дар дили ин одам хамаи хубихоро гузоштааст нигох кунед ин ободии шахрро ин навгонихоро ин ихтироькориро натанхо Чаноби Рустам карзхоро меканад балки бо хости Аллох чунон Точикистонро ободтару бойтар месозад, балки Чинро карздор хам месозад.
Душанбе
Агар бар хамаи хамин занхо чойи кор ташкил кунанд онхо хеч гох ба ин рохи фасод намераванд онхо аз мачбури ин корро мекунанд баъзе онхо шавхарошон вафот кардаги аст ва баъзе онхо аз шавхарошон чудо шудаги астанд,бинобар хамин хуб мешуд ки дар конуни ЧТ. Дузанагиро ичозат медоданд то ки ин бевазанхо дар кади куча намемонданд хастанд нафароне ки имконияти дузанагиро доранд.
Ҳар рӯз қонун таҳия кардан даркор нест ҷои кора таҳия кардан даркор мӯҳтарам вакилони дар хоби гарон рафта