Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат: Омори беморони коронавирус дар Тоҷикистон аз 12700 гузашт


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон 13-уми декабр гуфт, дар шабонарӯзи гузашта 38 мавриди гирифторӣ ба коронавируси нав ошкор шуд. Дар умум, аз охири моҳи апрели имсол то кунун, бемории ҳамагир ба 12704 кас сироят кардааст. Ба иттилои расмӣ, 88 нафар аз COVID-19 ҷон бохта, 12133 кас шифо ёфтанд. Мақомот аз ин бештар ҷузъиёт намедиҳанд. Мунтақидон ба омори расмӣ бо шубҳа менигаранд. Ба бовари онҳо, омори воқеии беморон ва талафот аз коронавирус бамаротиб бештар аст.

XS
SM
MD
LG