Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар раддабандии FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол), ки 10-уми декабр дар сомонаи расмии ин созмон нашр шудааст, дар мавсими соли 2020 дар байни 211 кишвар бо 1143 имтиёз дар ҷойи 121-ум қарор гирифт.
Дар ин феҳрист Белгия бо 1780 имтиёз ҷойи аввалро касб намудааст. Фаронса бо 1755 имтиёз дар зинаи дувум ва Бразилия бо 1743 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудаанд.
Тоҷикистон дар байни дастаҳои мунтахаби миллии Осиё, ки ба AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) шомиланд, мақоми 22-юмро соҳиб гаштааст. Дар Осиё Ҷопон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон бо 1502 имтиёз дар зинаи 27-ум) қарор дорад. Эрон дувум (дар ҷаҳон 29-ум, 1496 имтиёз) ва Кореяи Ҷанубӣ севум (дар ҷаҳон 38-ум, 1465 имтиёз) мебошанд.
Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар феҳристи FIFA Украина (24-ум, 1521 имтиёз), Русия (39-ум, 1461 имтиёз) ва Узбекистон (85-ум, 1283 имтиёз) ба даст овардаанд.
Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ аз Қазоқистон (122-юм), Литва (129-ум), Туркманистон (132-юм), Латвия (136-ум) ва Молдова (177-ум) пеш аст, вале дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбекистон (85-ум) ва Қирғизистон (96-ум) ҷойгир шудааст.
Феҳристи FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар раддабандии FIFA ҷойи 106-ум дар соли 2013 ва натиҷаи пасттаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев имсол се бозии дӯстона анҷом дод ва аз тимҳои миллии Узбекистон бо ҳисоби 1:2, Баҳрайн бо ҳисоби 0:1 ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" бо тимҳои миллии Ҷопон, Қирғизистон, Мянмар ва Муғулистон рақобат мекунад.
Дар ин гурӯҳ мунтахаби Ҷопон, ки бо 12 имтиёз мақоми аввалро касб намудааст, бешак, соҳиби роҳхат ба марҳилаи севуми мусобиқот мешавад.
Дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки ҳафтимтиёзӣ гирифтаанд, барои ҷойи дувум талош доранд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо Қирғизистон дар ҷойи дувум ва Тоҷикистон дар ҷойи севум қарор доранд. Мянмар бо 6 имтиёз зинаи чаҳорум ва Муғулистон бо 3 имтиёз зинаи панҷумро ишғол кардаанд.
Бозиҳои боқимондаи мусобиқот дар гурӯҳи “F” ба далели пандемияи COVID-19 ба соли оянда мавқуф гузошта шуд. Мунтахаби Тоҷикистон 25-уми март дар майдони худ бо мунтахаби Муғулистон, 7-уми июн дар меҳмонӣ бо тими миллии Ҷопон ва 15-уми июн дар хона бо мунтахаби Мянмар рақобат хоҳад кард.
Дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ҳамагӣ 40 даста ширкат дорад. Ҳашт ғолиби гурӯҳ ва чаҳор дастаи нишондодҳояш хубтари ҷойҳои дувуми гурӯҳҳо ба марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳ пайдо мекунанд, инчунин соҳиби роҳхат ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.
Феҳристи FIFA аз 10-уми декабри соли 2020 (даҳгонаи аввал):
1 (1). Белгия - 1780;
2 (2). Фаронса - 1755;
3 (3). Бразилия - 1743;
4 (4). Англия - 1670;
5 (5). Португалия - 1662;
6 (6). Испания - 1645;
7 (7). Аргентина - 1642;
8 (8). Уругвай - 1639;
9 (9). Мексика - 1632;
10 (10). Италия - 1625;
Кишварҳои ИДМ:
- Украина – 1521 имтиёз; ҷойи 24-ум
- Русия - 1461; - 39-ум
- Узбекистон - 1283; 85-ум
- Беларус - 1269; 88-ум
- Гурҷистон - 1267; 89-ум
- Қирғизистон - 1240; - 96-ум
- Арманистон - 1233; 99-ум
- Эстония - 1180; 109-ум
- Озарбойҷон - 1180; 109-ум
- Тоҷикистон - 1143; 121-ум
- Қазоқистон - 1142; 122-юм
- Литва - 1114; 129-ум
- Туркманистон - 1107; 132-юм
- Латвия - 1082; 136-ум
- Молдова - 950, 177-ум.
Рахмат ба президентони ду кишвар. Ин ду халки дустро касе чудо карда наметавонад. Онхо садсолахо бо хам зистанду урфу одати ягона доранд. Ислом Каримов барои сардии байни ду халки бародар андохтааш дар таърих садсолахо бо "некй" ёд хохад шуд!!!
Чуба аку сурати Чаноби Рустама монден да ича е мехохен гуенд ки карза Чаноби Рустам дар оянда месупора... Чаноби Рустама мехохонд беобру кунанд баьзехо аммо хамиро Фаромуш накунед ки ин шахсият натанхо сиесат шинос балки ободкор хам аст президент шавад бовар кунед аз падараш хам ободкортару ихтироькортар аст Аллох дар дили ин одам хамаи хубихоро гузоштааст нигох кунед ин ободии шахрро ин навгонихоро ин ихтироькориро натанхо Чаноби Рустам карзхоро меканад балки бо хости Аллох чунон Точикистонро ободтару бойтар месозад, балки Чинро карздор хам месозад.
Душанбе
Агар бар хамаи хамин занхо чойи кор ташкил кунанд онхо хеч гох ба ин рохи фасод намераванд онхо аз мачбури ин корро мекунанд баъзе онхо шавхарошон вафот кардаги аст ва баъзе онхо аз шавхарошон чудо шудаги астанд,бинобар хамин хуб мешуд ки дар конуни ЧТ. Дузанагиро ичозат медоданд то ки ин бевазанхо дар кади куча намемонданд хастанд нафароне ки имконияти дузанагиро доранд.
Ҳар рӯз қонун таҳия кардан даркор нест ҷои кора таҳия кардан даркор мӯҳтарам вакилони дар хоби гарон рафта