10-уми декабр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол (World Football Day) таҷлил мешавад. Санаи иди миллиро Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) интихоб кардааст. Дар ин рӯз одатан ҳама гуна чорабиниҳои марбут ба футбол баргузор мешаванд, аммо аксарияти онҳо дар соли 2020 ба далели пандемияи COVID-19 лағв шуданд.
Футбол яке аз намудҳои маъмултарини варзиш дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва Англия ватани он ҳисобида мешавад, ки аввалин мусобиқаи расмӣ соли 1872 дар қаламрави ин кишвар баргузор шудааст. Аз он замон то инҷониб 21 мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол баргузор шудааст, ки охиринаш соли 2018 дар Русия доир гаштааст.
Ҳоло футбол на танҳо бозӣ, балки як тиҷорати бузурги варзишӣ низ мебошад. Футболбозони маъруфи ҷаҳон маоши калон мегиранд.
Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) нақшаҳоеро эълон кард, ки мувофиқи он то соли 2026-ум 60% аҳолии ҷаҳон ба футбол машғул хоҳанд шуд. FIFA ният дорад, ки барои рушди ин бозӣ чор миллиард доллар сармоягузорӣ кунад.
Футбол дар Тоҷикистон аз солҳои 20-уми қарни гузашта роҳандозӣ шудааст. Соли 1937 аввалин мусобиқаи қаҳрамонии кишвар баргузор шуда буд. “Динамо”-и Душанбе аввалин дастаест, ки ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф гаштааст. Ин даста, ҳамчунин, аввалин барандаи Ҷоми Тоҷикистон мебошад.
Соли 1992 Федератсияи миллии футболи Тоҷикистон таъсис ёфта, соли 1994 ба узвияти AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) ва ҳамон сол ба узвияти FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) пазируфта шудааст.
Аз соли 1992 дар Тоҷикистони соҳибистиқлол мусобиқаи қаҳрамонии кишвар барпо мегардад. Аввалин қаҳрамони Тоҷикистон дар замони истиқлолият дастаи машҳури “Помир”-и Душанбе мебошад. Нӯҳ бор “Истиқлол”-и Душанбе, ҳафт бор “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, себорӣ дастаҳои “Вахш”-и Қӯрғонтеппа ва “Варзоб”-и Душанбе, дуборӣ тимҳои “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб, якбор “Динамо”-и Душанбе барандагони медалҳои тиллои мусобиқаи қаҳрамонии кишвар шудаанд.
Дар Тоҷикистон барномаи давлатии рушди ин навъи олимпии варзиш дар кишвар қабул шудааст. Ба ин тартиб, футбол ҳамчун варзиши рақами як дар Тоҷикистон бозии дӯстдоштаи ҳазорҳо кӯдакону наврасон ва ҷавонону бузургсолон гаштааст.
Дар Тоҷикистон занон низ ба футбол машғул мешаванд. Дастаҳои мунтахаби футболи духтарон ва тими миллии занонаи Тоҷикистон ҳамасола дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё ширкат меварзанд.