Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Барқи тоҷик" аз мардум маъзарат хост ва гуфт, ба ҳама нерӯи барқ медиҳад. ВИДЕО


Акс аз бойгонист.

Ширкати "Барқи тоҷик" эълон кард, ки аз 10-уми декабр маҳдудият дар интиқоли нерӯи барқ аз байн бурда мешавад. Бештаре аз сокинони Тоҷикистон дар ин шабу рӯзҳои сард ба норасоии барқ рӯбарӯ ҳастанд. Сокинон мегӯянд, аз соати 7 то 17 барқ ба манзили онҳо дода намешавад ва чунин вазъ зиндагиашонро душвор кардааст.

Ширкат рӯзи 9-уми декабр бо нашри як муроҷиатнома гуфт, қатъи рӯзонаи неруи барқро дар моҳҳои гузашта ба сабаби корҳои "таъмиру профилактикӣ" буд ва барои ин кашолкорӣ аз мардум бахшиш хостааст.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” рӯзи 9-уми декабр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, вазъи пешомада на “лимит” балки “зина ба зина хомӯш кардани барқ дар минтақаҳо буд.”

Вале сокинон мегӯянд, чунин нест ва барқ ба манзили онҳо дар соатҳои муайян қатъ мешуд, ки аз лимити солҳои пеш ҳеч фарқ надошт. Ба гуфтаи сокинон, камбуди барқ, ки аз оғози моҳи ноябр шуруъ шуд, зиндагии онҳоро мушкил кард.

Абдулло Ғафуров, сокини шаҳри Роғун мегӯяд, бидуни барқ дар манзилҳои баландошёна зистан сахт аст. “Дар хонаҳои заминӣ ба ҳар ҳол печка дорем, алов мекунем фақат аз торики азоб мекашем. Дар баландошёнаҳо ба ғайр аз торикӣ аз хунукӣ азоб мекашанд. Онҳо наметавонанд печка шинонанд,”- гуфт ин ҳамсуҳбати мо.

Ваъдаи "Барқи тоҷик"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:11 0:00

Мунтазири иҷрои ваъда...

Бархе ҳамсуҳбатони мо ба мисли Абдулло, ки асосан дар минтақаҳо зиндагӣ мекунанд, ба изҳороти "Барқи тоҷик" бо шубҳа нигоҳ мекунанд. Онҳо мегӯянд, онҳо ҳоло барқ мехоҳанд на ваъда.

Дар аввалин рӯзҳои сардии имсола, ки сокинон рӯзона аз барқ маҳрум буданд шикоятҳои зиёде садо медод. Бисёриҳо ширкати “Барқи тоҷик”-ро ба он айбдор мекарданд, ки барқро ба ҳамсоякишварҳо мефурӯшад. Бархе хабарҳое ҳам нашр шуд, ки мақомоти Тоҷикистон дар фасли тобистон ба Узбекистон аз меъёр зиёд об доданд ва ба ин хотир кишвар ба камбуди барқ дучор шуд.

Ҳарчанд Нозирҷон Ёдгорӣ сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” ин интиқодҳоро рад мекунад. “Мо ҳануз 2 сентябри соли 2020 обанбори Норакро ба нуқтаи 910 метр об пур кардем ва аз ин зиёд об дар он намеғунҷид. Ҳатто аз 14 то 19 сентябр обро берун аз агрегат сар додем. Ин исботи он аст, ки мо ягон қатра обро ба ягон ҷо нафурӯхтем" - афзуд Нозирҷон Ёдгорӣ.

Чунин назари сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» дар ҳоле садо медиҳад, ки бо қарори Девони вазирони Узбекистон аз 18-уми июли соли 2020 бинобар камобӣ барои обёрии заминҳои минтақаи Сирдарё аз обанбори "Баҳри Тоҷик" оби изофӣ гирифта шудааст. Он замон Вазорати оби Узбекистон гуфта буд, ба ин хотир ба Тоҷикистон 5 дастгоҳи обкашӣ бо қудрати обпартоии 500 литр дар як сония ва инчунин 20 насоси дигар дода мешавад. Ҷониби Узбекистон барои гирифтани оби изофӣ ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон 1,5 миллирад сум (тақрибан 145 ҳазор доллар) додааст.

Бо инки масъулини ширкати «Барқи тоҷик» додани оби зиёд ба Узбекистонро рад мекунанд, вале дар изҳороти ин ширкат таъкид шудааст, ки коҳиши захираҳои об яке аз сабабҳои дигари камбуди барқ дар моҳҳои гузашта буд. Ба иттилои "Барқи тоҷик", обанбори нерӯгоҳи "Норак" баъд аз моҳи сентябр бо сабаби кам шудани оби дарёи Вахш, оби ин обанбор нисбат ба солҳои гузашта ду баробар кам шуд.

Камбуди об дар обанборҳои Тоҷикистон нахуст аз забони Усмоналӣ Усмонзода, муовини нахуствазир садо дод. Ӯ рӯзи 2-юми декабр дар ҷаласае дар Хатлон гуфт, об дар обанборҳои Тоҷикистон кам аст.

Камбуди барқ дар фаслҳои тирамоҳ ва зимистон барои мардуми Тоҷикистон мушкили нав нест. Баъд аз касби истиқлол сокинон ба камбуди барқ рубарӯ ҳастанд. Ҳарчанд соли 2017 мақомот гуфтанд, маҳдудият ё лимити барқ бардошта шуд, баъд аз он низ дар соатҳои муайян интиқоли барқ ба манзили сокинон қатъ шудааст.

Бо ин вазъ гуфтан барвақт аст, ки сокинони Тоҷикистон дар зимистони имсола дубора ба мушкили барқ мувоҷеҳ нахоҳанд шуд. Ҳарчанд масъулини “Барқи тоҷик” гуфтанд, низоми энергетикии Тоҷикистон барои таъмини мардум бо барқ дар фасли зимистон омода аст.

Шарҳҳоро бинед (24)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG