Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқи як донишгоҳ дар бораи талафоти ғайринизомиён дар Афғонистонро якҷониба номиданд


Низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон
Низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон

Мақомоти интизомии Амрико таҳқиқи як донишгоҳеро якҷониба номиданд, ки ба гуфтаи муаллифонаш, маълум кард, ки осонтар кардани меъёрҳои ҳамла дар соли 2017 сабаби талафоти бештари ғайринизомиёни афғон дар ҳамлаҳои ҳавоӣ шудааст. Ба гуфтаи муаллифони таҳқиқоти Донишгоҳи Браун ва Донишгоҳи Бостон дар Иёлоти Муттаҳида, талафот дар миёни ғайринизомиён дар Афғонистон дар соли 2016 дар ҳамлаҳои ҳавоӣ, ки 250 нафарро ташкил медод, соли 2019 ба 700 нафар расидааст.

Дар таҳқиқот, ки рӯзи 7-уми декабр нашр шуд, омадааст, ки талафот бо назардошти талаботи пешинаи Амрико барои эмин нигаҳ доштани ғайринизомиён камтар буд, аммо баъди соли 2017 зиёдтар шуд.

Дар ин сол мақомоти Амрико роҳи парҳез аз ҷанги мустақим бо душманро пеша карданд, ки ба низомиён иҷоза медиҳад, зарбаҳои ҳавоиро зиёдтар кунанд. Ҳадафи таҳқиқ он будааст, ки маълум кунанд, чаро бо вуҷуди фурӯ нишастани ҷангҳо дар чанд соли гузашта дар Афғонистон талафот дар миёни мардуми осоишта аз ҳамлаҳои ҳавоӣ зиёдтар шудааст.

XS
SM
MD
LG