Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи футболи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар Душанбе ба ҷамъомади дувуми таълимиву тамринии даста, ки то рӯзи 17-уми декабр идома меёбад, шуруъ кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), ба ин ҷамъомад, ки дар доираи омодагии мунтахаби наврасони кишвар (U-16) ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё доир гаштааст, 26 бозигар - 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 6 ҳамлагар - даъват шудааст.
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар қаҳрамонии Осиё миёни дастаҳои наврасони то 16-сола, ки соли оянда дар Баҳрайн барпо мегардад, дар гурӯҳи «В» бо тимҳои Умон, Яман ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рақобат хоҳад кард. Вале санаи баргузории мусобиқа ҳанӯз муайян нашудааст.
Чаҳор дастаи беҳтарини қаҳрамонии Осиё-2020 миёни наврасон ба қаҳрамонии ҷаҳон-2021 (U-17), ки соли 2021 дар Перу баргузор мешавад, роҳхат мегирад.
Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Душанбе:
Дарвозабонҳо: Сафармад Ғаффоров, Шаҳобиддин Маҳмудзода (ҳарду аз «Локомотив-Помир»), Суҳробхуҷа Юсупов («Хуҷанд»);
Ҳимоятгарон: Ҳукмиддин Шомуродов, Фахриддин Аҳтамов, Меҳрубони Абдурауф, Раҳматшо Раҳматзода, Шаҳриёри Иноятулло, Рузимуҳаммад Абдураҳмонов, Қурбоналӣ Муродов, Нурсултон Норбойзода (ҳама аз «Локомотив-Помир»);
Нимҳимоятгарон: Алиҷони Айнӣ, Аббос Андалибов, Муҷовид Шовайсуддинов, Бежан Нишонбойзода, Хусрав Тоиров, Меҳрубон Каримов, Кабир Салимшоев (ҳама аз «Локомотив-Помир»), Кароматулло Боронов (Академияи футболи ФФТ), Азизбек Далиев («Регар-ТадАЗ»);
Ҳамлагарон: Муҳаммадворис Саидалиев (Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпӣ), Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Суннатулло Азизов, Асадбек Ҷӯрабекзода, Хуршед Давлатзода (ҳама аз «Локомотив-Помир»), Абдулло Шарипов (Мактаюи ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ).
Сармураббӣ – Аҳлиддин Турдиев.
Дубинкаҳои Росгвардия ва ОМОНа барои пешвози эътирозчиен таёр карда мондаги Путин бобо.
Ҷинҷоник бо доруҳоятро нахурди имрӯз.
Hudi hokimiyati rus Navalniyro baroi muolija ba Olmon raho kard va holo hudash hukm sodir kardanist,ki charo injo nabudi. Ajab ahmakie
зинда бош,эй ( СССР, ПУТИН,КРЕМЛ, ЛЕНИН МАВЗОЛЕӢ, ДИГАРОШ ҲАМА, ОПКОМ,ЦК КПСС🙈🙊🙉
Шарҳи мо барк меша ё не