Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар интихоботи Руминия сотсиалистҳо пештоз шуданд


Раҳбарони сотсиал-демократҳои Руминия
Раҳбарони сотсиал-демократҳои Руминия

Ҳисоби тақрибан 99 дарсади овозҳои интихоботи рӯзи 6-уми декабр нишон дод, ки Сотсиал-демократҳои чапгаро аз ҳизби ҳокими милливу либералӣ пеш гузашт. Ҳисоби 99 дарсади овозҳо нишон дод, ки ҳизби сотсиал-демократ дар палатаи поёнии парлумон наздики 30 дарсад ва беш аз 30 дарсади дигарро дар Сенат ба даст овардааст. Ҳизби ҳокими рӯ ба Аврупо 25 дарсади курсиҳои маҷлиси поёнӣ ва 25,5 дарсадро дар Сенат бурдааст. Дар мақоми сеюм бо 14.5 дарсад дар маҷлиси поён ва 15 дарсад дар маҷлиси болоӣ эътилофи марказу ростгарои “Иттиҳоди наҷоти Руминия” қарор гирифт. Як натиҷаи ғайримунтазираи интихобот - 8,7 дарсади маҷлиси поёниву 8,8 дарсади маҷлиси болоро ба даст овардани ҳизби ифротгарои Эътилофи Иттиҳоди руминиягиҳо будааст, ки соли гузашта ташкил шудааст. Интихоботи мазкур барои мушаххас кардани роҳи ояндаи Руминия ба самти Аврупо ваё баръакс муҳим ба ҳисоб меравад.

XS
SM
MD
LG