Мақомоти Ҷопон метавонанд шумораи зиёди хориҷиёнро барои иштирок дар Бозиҳои олимпии Токио дар соли 2021 бе ваксинаи ҳатмӣ ё карантин иҷозат диҳанд.
Ба онҳое, ки ба кишвар ворид мешаванд, бояд натиҷаҳои манфии санҷиши COVID-19 пешниҳод кунанд. Тибқи иттилои нашрияи ҷопонии Nikkei, тақрибан як миллион билет ба Олимпиада аллакай ба хориҷиён фурӯхта шудааст.
Қаблан дабири кулли Кумитаи тадорукоти Олимпиадаи Токио-2020 Тоширо Муто эълом дошт мақомоти Ҷопон тасмим гирифтанд варзишгарон ва тамошобинони ба Олимпиада омадаро аз кишварҳое, ки вазъи мусоиди эпидемиологӣ доранд, аз зарурати карантини дуҳафтаина раҳо кунанд.
Моҳи июн кумитаи тадорукоти Бозиҳои “Токио-2020” расман ҷонибдори содда кардани шакли мусобиқаи соли оянда шуда буд. Ба нақша гирифта шудааст, ки Бозиҳо аз рӯи се принсипи асосӣ: таъмини муҳити бехатар, кам кардани хароҷот ва содда намудани шакли Бозиҳо ташкил карда мешаванд.
Олимпиадаи Токио мебоист аз 24-уми июл то 9-уми августи соли 2020 баргузор мешуд. Вале ба иллати пандемияи коронавирус Бозиҳо як сол мавқуф гузошта шуд ва аз 23-юми июл то 8-уми августи соли 2021 доир мегарданд. Ҳамзамон номи Бозиҳо "Токио-2020" нигоҳ дошта шуд.
Пеш аз ин ноиби президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) Ҷон Коутс гуфта буд, ки шумораи варзишгарони ширкаткунандаи Олимпиада коҳиш нахоҳад ёфт. Интизор меравад, ки дар Бозиҳо тақрибан 11 ҳазор варзишгар ширкат меварзад.
Варзишгарони тоҷик низ барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио талош доранд. То имрӯз танҳо ду нафар – Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев - дар риштаи бокс соҳиби роҳхатҳои олимпӣ гардидаанд.
Худовандо тамоми чумхурихои сохибистиклоли собик Шуравиро аз нияту амал ва ВАХШОНИЯТИ ПУТИН начот бахш.
бритони аввал ба афгонистон тнчи ороми орад. покситонро бритоние ташкил кард навбати толибистон шуд боз чи максад дошта бошад дар помири точикистон
ТАКЛИДИ СИСТЕМАИ МОРИФИ ЯПОНИ КОРЕЯИ ЧАНИБИРО БОЯД БА РОХ МОНД. АММО МО НАМЕХОХЕМ БА ЯПОНИЯ КОРЕЯИ ЧАНУБИ ВА СИНГАПУР БАРОБАР ШАВЕМ .МИКЕС ВА МУКОИСА ФАКАТ БО АФГОНИСТОНУ ТУРКМАНИСТОНУ ПАПУА НОВАЯ ГВИНЕЯ!!! МУАЛЛИМ НА КАМ АЗ 1000 ДОЛЛАР БОЯД МАОШ ГИРАД.ПРОФЕССОРОН 5-6 ХАЗОР ДОЛЛАР БАЪД ТАЛАБ НАМОЕД КАДРИ ЧАВОНУ ДОНИШМАНДРО
Радио озоди дида мешавад ки шумо худ бар зиди сатру ҳиҷобед барои ҳамин фақат коментарияҳои зидди исломро нашр мекунед, аз Аллоҳ наметарсед магар? , чаро коментарияҳои мусалмононро нашр намекунед? , шахс надонад бо ин коментарияҳои зидди исломи фикр мекунад ки тоҷики мусалмон намондааст.
Чаро 15 ҳазор омӯзгори тоҷик тарки пеша карданд? Аз сатҳи баланди зиндагӣ, Аз маошҳои баланд, Аз адолати иҷтимоӣ, Аз адолати судӣ, Аз баробари дар назди қонун, Аз набудани маҳалгароӣ, Аз набудани коррупсия ва ғайраҳо ....