Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболбози тоҷик дар рӯйхати номзадҳо ба унвони беҳтарин бозигари AFC дар ҳафта


Парвизҷон Умарбоев.

Сомонаи расмии Конфедератсияи футболи Осиё (the-afc.com) рӯйхати даҳ футболбозро нашр карда, хоҳиш намудааст, ки барои муайян сохтани беҳтарин бозигари байналмилалии AFC дар ҳафта (аз 25-уми ноябр то 1-уми декабр) ба номзади худ овоз диҳанд.

Ба ин рӯйхат дар баробари бозигарон аз панҷ кишвар (Ҷопон 3 нафар), Австралия ва Эрон 2-нафарӣ, Узбекистон ва Ироқ якнафарӣ), аз Тоҷикистон нимҳимоятгар Парвизҷон Умарбоеви 26-сола, узви дастаи мунтахаби миллии кишвар, ки феълан дар бошгоҳи “Локомотив”-и Пловдиви Булғористон бозӣ мекунад, дохил шудааст.

“Кадом бозигари осиёӣ ин ҳафта беҳтарин ҳунарнамоии берун аз қитъаро нишон дод? Мо рӯйдодҳои дохилӣ ва минтақавиро аз Берлин то Булғористон омӯхтем, то 10 номзади худро ба шумо пешкаш намоем. Ҳамакнун ба шумо вобаста аст, ки ситораи барҷастаи қитъаро муайян кунед”, - хабар додааст AFC дар сомонаи расмии худ.

Рӯйхати номзадҳо барои унвони беҳтарин бозигари байналмилалии AFC дар ҳафта (аз 25-уми ноябр то 1-уми декабр):

Ҷуня Ито (KRC Genk, Ҷопон)

Элдор Шомуродов (Генуя, Узбекистон)

Шаҳоб Зоҳидӣ (Олимпик Донетск, Эрон)

Карим Ансорифард (AEK Athens, Эрон)

Авер Мабил (FC Midtjylland, Австралия)

Никита Рукавистя (Маккаби Ҳайфа, Австралия)

Аҳмад Ясин (Ҳоккен, Ироқ)

Такехиро Томиясу (Болония, Ҷопон)

Парвизҷон Умарбоев (Локомотив Пловдив, Тоҷикистон)

Дайчи Камада (Айнтрахт Франкфурт, Ҷопон)

Маълумотнома

Парвизҷон Умарбоев 1-уми ноябри соли 1994 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Ӯ дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон аз соли 2015 дар 14 бозии расмӣ иштирок карда, 5 гол задааст.

Фаъолияти футболбозиаш дар ҳайати дастаи ҷавонони «Рубин»-и Қазон шуруъ шуда, дар 18 бозӣ 8 гол ба самар расондааст. Дар ҳайати асосии «Рубин» 26-уми сентябри соли 2012 дар 1/16 финали Ҷоми Русия муқобили «Енисей»-и Красноярск бозӣ кардааст.

Соли 2013 ба бошгоҳи «Нефтехимик»-и Нижнекамск ба иҷора дода шудааст. Соли 2014 дар дастаи «Химик»-и Дзержинск ҳунарнамоӣ кардааст. Моҳи марти соли 2015 ба дастаи «Истиқлол»-и Душанбе гузаштааст. Умарбоев, ки ҳамзамон шаҳрвандии Русияро дорад, соли 2012 ба мунтахаби наврасони ин кишвар даъват шудааст.

Аз моҳи марти соли 2015 дар ҳайати мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Тоҷикистон ва аз моҳи майи ҳамон сол ба ҳайати тими миллии кишвар дохил шудааст.

Парвизҷон Умарбоев аз моҳи июни соли 2016 дар «Локомотив»-и Пловдиви Булғористон ба ҳайси нимҳимоятгар бозӣ мекунад. Дар муддати чаҳор сол ӯ дар бошгоҳи шаҳри Пловдив беш аз 100 бозӣ анҷом додааст.

Умарбоев чаҳор моҳ пеш бо бошгоҳи худ Суперҷом ё Ҷоми олии Булғористонро ба даст овардааст. Зимнан, ин севумин унвонест, ки футболбози тоҷик дар ҳайати «Локомотив»-и Пловдив соҳиб шудааст. Қаблан ду бор ҳамроҳ бо бошгоҳи худ барандаи Ҷоми Булғористон гаштааст.

Дар ҳайати “Локомотив” Умарбоев моҳи сентябри имсол дар даври муқаддамотии Лигаи Аврупо-2020/2021 муқобили «Тоттенҳэм»-и Англия бозӣ кард.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG