Дастаҳои “Динамо”-и Душанбе, "Пахтакор"-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, «Кӯшон» -и ноҳияи Кӯшониён ва “Меҳргон”-и Нуробод ба ҳаққи ширкат дар мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон мушарраф гаштанд. Ин дастаҳо аз рӯи натиҷагирии мусобиқаҳои минтақавӣ дар лигаи дувум муайян шуданд.
“Динамо” ба унвони қаҳрамони Душанбе даст ёфт. "Пахтакор" дар вилояти Суғд, «Кӯшон» дар вилояти Хатлон ва «Меҳргон” дар минтақаи Рашт ғолибони мусобиқаҳои минтақавӣ шуданд.
Тибқи низомномаи мусобиқот, ғолибони мусобиқаҳои минтақавӣ бояд дар марҳилаи ниҳоӣ бозӣ мекарданд, то се дастаеро, ки соли оянда дар лигаи аввал ширкат меварзиданд, муайян месохтанд.
“Вале дар шароити пандемияи коронавирус ва мушкилоти молиявии дастаҳо, бюрои кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон қарор кард, ки ҳарчор даста – “Динамо”, “Пахтакор”, “Кӯшон” ва “Меҳргон” - ҳуқуқи дар мавсими соли оянда дар лигаи аввал бозӣ карданро ба даст меоранд, ба шарте ки аз ҷониби Лигаи футболи Тоҷикистон аз литсензиякунонӣ гузаранд”, - хабар додааст сомонаи расмии ФФТ.
Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи имсолаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон дастаи “Равшан”-и Кӯлоб ғолиб шуда, соҳиби медалҳои тилло шуд. Дастаи “Эсхата”-и Хуҷанд барандаи медалҳои нуқра гардид. Ҳарду даста ба лигаи олӣ дар мавсими соли 2021 роҳхат гирифтанд.