Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазон баъди 8 сол гумонбари куштори 32 зани пиронсолро боздошт карданд


Полиси Қазон, пойтахти Ҷумҳурии Тотористон гуфт, ки марди гумонбар дар куштори 30 зани пиронсол дар манотиқи мухталифи Русияро боздошт кардааст. Радио Свобода бо такя ба “Бизнес ONLINE” ва KazanFirst менависад, ки ин мард 38 сол дошта, сокини Қазон Радик Тагиров мебошад. Кушторҳои мудҳиши занони пиронсол дар Тотористон, Бошқирдистон, Марий-Эл ва вилояти Свердловск рух додаанд.

Ба иттилои полис, кушторҳои мудҳиш солҳои 2011-2012 сабт шудаанд. Ин мард ба хонаи занони пиронсол роҳ ёфта, онҳоро буғӣ карда мекушт. Баъди ин, дар рӯи замин хокаи собунро мерехт, то ки сагҳои бӯйгир изи ӯро эҳсос карда натавонанд. Ӯ аз хонаҳои пиронсолон чизҳои қиматбаҳоро гирифта аз ҷои ҷиноят фирор мекард. Ҳамаи қурбониҳои қотил 75 то 90 сол доштанд.

Error rendering VK.

Соли 2011 писари зане, ки аллакай кушта шуда буд, ин мардро дар ҷои ҳодиса дид, вале ӯ тавонист фирор кунад. Як дафъа чеҳраи ӯ дар дастгоҳҳои видеоӣ сабт шуд. Дафъаи дигар зане, ки дар талоши куштор зинда монд, натавонист чеҳраи қотилро бишиносад, чун чашмаш нобино буд. Баъди соли 2012 ин гуна ҷиноятҳо дигар такрор нашуд. Тафтишот гумон дошт, ки эҳтимолан қотил даргузашт ваё ҳабс шудааст. Соли 2017 барои ҳама гуна иттилоъ дар бораи ин шахс полис 3 миллион рубл подош ваъда кард.

Вебсайти “Бизнес ONLINE” менависад, ки қотили гумонбар аз роҳи тести ДНК шиносоӣ ва боздошт шуд. Тафтишот гуфтааст, ки дар ҷои қатли ду зан дар Екатеринбург қотил як дафъа рӯймол ва дафъаи дигар фандакашро фаромӯш кардааст ва бар асоси изи арақи дасташ тавонистанд маълум кунанд, ки ин кори дасти як нафар мебошад. Ин изҳо инчунин бо кушторе, ки дар Поволже рух дод, мувофиқат мекард. KazanFirst менависад, ки боздоштшуда ба гуноҳаш иқрор шуда гуфтааст, ки “пушаймон шудааст”.

XS
SM
MD
LG