Дар мавсими нави Барномаи байналмилалии иҷтимоии кӯдакон "Футбол барои дӯстӣ", ки аз ҷониби ПАО "Газпром"-и Русия роҳандозӣ шудааст, Тоҷикистонро се бозигари наврас ва як мураббӣ намояндагӣ мекунанд. Ғолибони лоиҳа соҳибони билетҳо ба бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА-2021 дар Истамбул мешаванд. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи қуръакашии онлайнӣ 32 дастаи мунтахаб, ки барои ширкат дар мусобиқоти ҳарсолаи Барномаи иҷтимоии байналмилалии кӯдакон ПАО “Газпром” “Футбол барои дӯстӣ” интихоб гаштааст, ба ҳашт гурӯҳи чаҳордастаӣ тақсим шуданд. Аз рӯи анъана дастаҳо номҳои намудҳои ҳайвоноти нодирро гирифтанд.
Тоҷикистонро имсол дар лоиҳаи “Футбол барои дӯстӣ” бозигарони наврас - Суруш Юсуфҷонов, Доро Юсупов, Павел Куимов, инчунин мураббии наврас Ҷавшан Толейҷонзода намояндагӣ мекунанд.
Бар асоси қуръакашӣ Суруш Юсуфҷонов узви дастае бо номи “Турнаи Шарқи Дур” («Дальневосточный журавль»), Доро Юсупов узви дастаи “Сангпушти баҳрии бисса” («Морская черепаха бисса»), Павел Куимов узви дастаи “Нишебии Манта” («Скат Манты») ва Ҷавшан Толейҷонзода мураббии ҷавони дастаи “Ибиси азим” («Гигантский ибис») шуданд.
Бачаҳо дар ҳайати дастаҳои омехта бо ҳамсолонашон аз Фаронса, Уганда, Танзания, Корея, Руминия бозӣ мекунанд. Дар мусобиқоти ҷаҳонии онлайнӣ кӯдакони беш аз 100 кишвари ҷаҳон ширкат варзида, барои унвони қаҳрамони ҷаҳон аз рӯи барномаи «Футбол барои дӯстӣ» ва билетҳо ба финали Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА-2021 дар Истамбул мубориза мебаранд.
Ҳангоми қуръакашӣ меҳмонони олиқадр ва сафирони лоиҳа - ғолиби Ҷоми ҷаҳонӣ ва Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА Роберто Карлос, мушовири президенти Иттиҳоди футболи Русия Алексей Смертин, сардори Раёсати УЕФА оид ба таълим ва тарбияи мутахассисони соҳаи футбол Франк Рудолф, бозигари касбии FIFA аз бошгоҳи футболи «Шалке 04» Тим (Тим "Латка") Швартманн чорабиниҳои ояндаро муаррифӣ карданд.
Бозиҳои интихобии мусобиқоти ҷаҳонии “Футбол барои дӯстӣ” рӯзҳои 7-8-уми декабр, финали бошукӯҳ 9-уми декабр баргузор мешаванд, ки ғолибон ва соҳибони билетҳои сабқати ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои соли 2021 дар Истамбулро муайян хоҳанд кард.
Мусобиқоти байналмилалии “Футбол барои дӯстӣ” чун анъана пеш аз бозиҳои ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА дар шаҳрҳои мухталиф баргузор мешавад. Бо мақсади нигоҳ доштани ин чорабинӣ, ки кӯдакон аз тамоми ҷаҳон интизоранд, тасмим гирифта шуд мусобиқа имсол ба таври онлайн, дар шакли Football for Friendship World (Футбол барои дӯстии ҷаҳонӣ) гузаронида шавад.
“Аввалин шуда иштироккунандагони навраси барномаи “Футбол барои дӯстӣ” ба рақобат мепардозанд. Замимаи бозӣ дар Рӯзи ҷаҳонии футбол - 10-уми декабр - дастраси умум хоҳад шуд. Шумо метавонед онро барои MS Windows, Apple MacOS, Android, iOS ройгон зеркашӣ кунед”, - таъкид шудааст дар Барномаи байналмилалии иҷтимоии кӯдакон "Футбол барои дӯстӣ".
Маълумотнома
Барномаи байналмилалии иҷтимоии кӯдакон "Футбол барои дӯстӣ" аз ҷониби ПАО "Газпром" аз соли 2013 амалӣ мешавад. Дар тӯли ҳафт мавсими гузашта барнома 211 кишвар ва минтақаҳоро дарбар гирифта, беш аз 6 ҳазор иштироккунандагонро ҷамъ овард ва зиёда аз 5 миллион тарафдор пайдо кард.
“Футбол барои дӯстӣ” аз ҷониби УЕФА, ФИФА, федератсияҳои футбол ва бошгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон, бунёдҳои байналмилалии хайриявӣ, варзишгарони маъруф, сиёсатмадорон ва ходимони ҳунар дастгирӣ карда мешавад.
Лоиҳа соҳиби мукофотҳои сершумори байналмилалӣ ва миллӣ дар соҳаҳои масъулияти иҷтимоӣ, варзиш ва коммуникатсия, аз ҷумла рекорди ҷаҳонии машқҳои фаромиллии футбол дар таърих гардидааст.
Худовандо тамоми чумхурихои сохибистиклоли собик Шуравиро аз нияту амал ва ВАХШОНИЯТИ ПУТИН начот бахш.
бритони аввал ба афгонистон тнчи ороми орад. покситонро бритоние ташкил кард навбати толибистон шуд боз чи максад дошта бошад дар помири точикистон
ТАКЛИДИ СИСТЕМАИ МОРИФИ ЯПОНИ КОРЕЯИ ЧАНИБИРО БОЯД БА РОХ МОНД. АММО МО НАМЕХОХЕМ БА ЯПОНИЯ КОРЕЯИ ЧАНУБИ ВА СИНГАПУР БАРОБАР ШАВЕМ .МИКЕС ВА МУКОИСА ФАКАТ БО АФГОНИСТОНУ ТУРКМАНИСТОНУ ПАПУА НОВАЯ ГВИНЕЯ!!! МУАЛЛИМ НА КАМ АЗ 1000 ДОЛЛАР БОЯД МАОШ ГИРАД.ПРОФЕССОРОН 5-6 ХАЗОР ДОЛЛАР БАЪД ТАЛАБ НАМОЕД КАДРИ ЧАВОНУ ДОНИШМАНДРО
Радио озоди дида мешавад ки шумо худ бар зиди сатру ҳиҷобед барои ҳамин фақат коментарияҳои зидди исломро нашр мекунед, аз Аллоҳ наметарсед магар? , чаро коментарияҳои мусалмононро нашр намекунед? , шахс надонад бо ин коментарияҳои зидди исломи фикр мекунад ки тоҷики мусалмон намондааст.
Чаро 15 ҳазор омӯзгори тоҷик тарки пеша карданд? Аз сатҳи баланди зиндагӣ, Аз маошҳои баланд, Аз адолати иҷтимоӣ, Аз адолати судӣ, Аз баробари дар назди қонун, Аз набудани маҳалгароӣ, Аз набудани коррупсия ва ғайраҳо ....