Тоҷикистон дар раддабандии нави FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) як зина боло шуд ва дар байни 211 кишвар бо 1143 имтиёз дар ҷойи 121-ум қарор гирифтааст.
Дар феҳристи нави FIFA Белгия бо 1780 имтиёз ҷойи аввалро касб намудааст. Фаронса бо 1755 имтиёз дар зинаи дувум ва Бразилия бо 1743 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудаанд.
Тоҷикистон дар байни дастаҳои мунтахаби миллии Осиё, ки ба AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) шомиланд, мақоми 22-юмро соҳиб шудааст. Дар Осиё Ҷопон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон бо 1502 имтиёз дар зинаи 27-ум) қарор дорад. Эрон дувум (дар ҷаҳон 29-ум, 1496 имтиёз) ва Кореяи Ҷанубӣ севум (дар ҷаҳон 38-ум, 1465 имтиёз) мебошанд.
Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар феҳристи FIFA Украина (24-ум, 1528 имтиёз), Русия (39-ум, 1461 имтиёз) ва Узбекистон (85-ум, 1283 имтиёз) ба даст овардаанд.
Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ аз Қазоқистон (122-юм), Литва (129-ум), Туркманистон (132-юм), Латвия (136-ум) ва Молдова (177-ум) пеш аст, вале дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбекистон (85-ум) ва Қирғизистон (96-ум) ҷойгир шудааст.
Феҳристи FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар раддабандии FIFA ҷойи 106-ум дар соли 2013 ва натиҷаи пасттаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев имсол се бозии дӯстона анҷом дод ва аз тимҳои миллии Узбекистон бо ҳисоби 1:2, Баҳрайн бо ҳисоби 0:1 ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" бо тимҳои миллии Ҷопон, Қирғизистон, Мянмар ва Муғулистон рақобат мекунад.
Дар ин гурӯҳ мунтахаби Ҷопон, ки бо 12 имтиёз мақоми аввалро касб намудааст, бешак, соҳиби роҳхат ба марҳилаи севуми мусобиқот мешавад.
Дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки ҳафтимтиёзӣ гирифтаанд, барои ҷойи дувум талош доранд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо Қирғизистон дар ҷойи дувум ва Тоҷикистон дар ҷойи севум қарор доранд. Мянмар бо 6 имтиёз зинаи чаҳорум ва Муғулистон бо 3 имтиёз зинаи панҷумро ишғол кардаанд.
Бозиҳои боқимондаи мусобиқот дар гурӯҳи “F” ба соли оянда мавқуф гузошта шуд. Мунтахаби Тоҷикистон 25-уми март дар майдони худ бо мунтахаби Муғулистон, 7-уми июн дар меҳмонӣ бо тими миллии Ҷопон ва 15-уми июн дар хона бо мунтахаби Мянмар рақобат хоҳад кард.
Дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ҳамагӣ 40 даста ширкат дорад. Ҳашт ғолиби гурӯҳ ва чаҳор дастаи нишондодҳояш хубтари ҷойҳои дувуми гурӯҳҳо ба марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳ пайдо мекунанд, инчунин соҳиби роҳхат ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.
Феҳристи FIFA аз 26-уми ноябри соли 2020:
- Белгия – 1780 имтиёз;
- Фаронса - 1755;
- Бразилия - 1743;
- Англия - 1670;
- Португалия - 1662;
- Испания - 1645;
- Аргентина - 1642;
- Уругвай - 1639;
- Мексика - 1632;
- Италия - 1625.
Кишварҳои ИДМ:
- Украина – 1528 имтиёз; ҷойи 24-ум
- Русия - 1461; - 39-ум
- Узбекистон - 1283; 85-ум
- Беларус - 1269; 88-ум
- Гурҷистон - 1267; 89-ум
- Қирғизистон - 1240; - 96-ум
- Арманистон - 1233; 99-ум
- Эстония - 1180; 109-ум
- Озарбойҷон - 1180; 110-ум
- Тоҷикистон - 1143; 121-ум
- Қазоқистон - 1142; 122-юм
- Литва - 1114; 129-ум
- Туркманистон - 1107; 132-юм
- Латвия - 1082; 136-ум
- Молдова - 950, 177-ум.
Коршинос бесавод аст, низоми давлатдорие, ки дигарандеширо намепазирад ва токати онро надорад, дер намепояд ва шарманда мешавад. Ин усули муборизаро даврони шурави аллакай аз сар гузаронидааст ва окибаташ маълум. Афсус он барои дигарон дарс нашудааст ва "история повторяется"!
Ба коршинос. Беҳтарин нависандаи фантасти муосири "адабиёти шуравӣ" Абдумалик Баҳорӣ (Худо раҳматаш кунад) буд. Шумо аз Ӯ гузашта наметавонед. Подоши инсон вобаста ба амалҳояш аст. Як бор корҳои ин блогерро дар ютюб тамошо кунед! : " Он вам не Димон".
Агар пули накди аз байн раваду ба чояш муомилаи гайринакди ба рох монда шавад на танхо дар бозорхо балки дар тамоми сохторхо, ин боиси кам шудани корупся низ мегардад
Ин оморро аз кучо мегирифта бошанд? Чи хел хисоб кардед мухтарам оморчиён? Ё шумо хам хатмкардаи институти саньат буда бо ягон авлод хещу таборед??? Равгани 5л 63с буд 90-100с Шакар 1кг 6.5м 11с Орд 50кг168с 240с Гушти лахм 54с 67-70с Картош 1.5-2м 2.5-4с Тухм 30шт 24с 35с ..... Асосаш ин кимат шудани нархи сузишвори аст, ки онро ширкати монополи идора мекунад ва агар онхо камтар навсро доранду аз осмон камтар замин фурояд, онхо метавонанд 25-30% нархи сузишвориро кам кунанд, ки ин автомати нархи дигар махсулотро поён барад. Аммо афсус.... осмон баланд, замин сахт, авлод гушна, гушнаи сернашаванда.
Худут коршиноси раками як хасти . Чои ту кор дар СММ