Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Санаи баргузории мусобиқаи "World Judo Masters" дар Давҳаи Қатар муайян шуд


Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони шинохтаи тоҷик.

Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) мусобиқаи World Judo Masters дар Давҳаи Қатарро, ки ба далели пандемияи COVID-19 мавқуф гузошта шуда буд, аз 11-ум то 13-уми январи соли 2021 баргузор хоҳад кард. Дар ин бора дар сомонаи расмии IJF хабар дода шудааст.

Ба иттилои манбаъ, барои ширкат дар ин мусобиқа дар ҳар вазн 36 варзишгари пешқадам тибқи мавқеашон дар феҳристи ҷаҳонӣ даъват мешаванд.

Мариус Визер, раиси Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар як номаи худ гуфтааст, ки агар вазъияти беҳдоштии ҷаҳонӣ ба таври ғайримунтазира вахим шавад, IJF ҳақ дорад ин мусобиқаро ба таъхир андозад.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ хоҳанд шуд. Барои иштирок дар мусобиқа варзишгарон 200 имтиёз мегиранд. Барои ҷойи аввал 1800 имтиёз, барои ҷойи дувум 1260 имтиёз, барои ҷойи севум 900 имтиёз, барои ҷойи панҷум 648 имтиёз, барои ҷойи ҳафтум 468 имтиёз дода мешавад.

Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 9000 доллари ИМА, барои ҷойи дувум 6000 доллар ва барои ҷойҳои севум 3000-долларӣ супурда хоҳад шуд.

Ба мусобиқаи байналмилалии “World Judo Masters” дар Давҳаи Қатар беҳтарин паҳлавонони тоҷик, ки барои гирифтани имтиёзҳо ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи Токио талош меварзанд, даъват хоҳанд шуд.

Бояд гуфт, ки соли гузашта дар мусобиқаи устодони ҷудо “Qingdao Masters 2019”, ки рӯзҳои 12-14-уми декабр дар шаҳри Қингдаои Чин баргузор шуда буд, Тоҷикистонро чаҳор варзишгар намояндагӣ кард.

Аз байни онҳо Комроншоҳи Устопириён натиҷаи хубтар нишон дода, мақоми панҷумро касб намуд. Ӯ дар вазни то 90 кило пас аз ду пирӯзӣ бар рақибонаш аз Бразилия ва Алҷазоир, дар даври баъдӣ аз Микаил Озерлер аз Туркия мағлуб шуд. Паҳлавони тоҷик дар даври тасаллобахш Мурао Санширои ҷопониро шикаст дод ва муборизаро барои медали биринҷӣ идома дод. Вале Комроншоҳ қувваозмоиро барои ҷойи севум ба Неманҷа Маҷдов аз Сербия бохт ва дар натиҷа ҷойи панҷумро соҳиб гашт.

Се гуштигири дигари тоҷик - Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯзи Хоҷазода (ҳарду дар вазни то 73 кило) ва Темур Раҳимов (дар вазни беш аз 100 кило), ки дар даври аввал бар рақибонашон ғолиб омаданд, баъдан ноком шуданд.

Варзишгарон мувофиқи талаботи низомномаи Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио то 20-уми майи соли оянда имкон доранд, ки имтиёзҳо ба даст биёранд ва мавқеашонро дар феҳристи ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпӣ беҳтар намоянд.

Федератсияи байналмилалии ҷудо моҳи июни соли 2021 феҳристи ниҳоии ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпиро нашр мекунад ва 22 нафар беҳтаринҳо дар ҳар вазн соҳиби роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии Токио хоҳанд шуд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG