Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

AFC санаҳои бозиҳои даврҳои боқимондаи Ҷоми ҷаҳонӣ-2022-ро тасдиқ кард


Бозӣ миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ.
Бозӣ миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ.

Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) санаҳои бозиҳои даврҳои боқимондаи марҳилаи дувуми мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳонӣ-2022, қаҳрамонии ҷавонони Осиё (U-19) ва қаҳрамонии футзали Осиё, инчунин шакли Ҷоми AFC-2021-ро тасдиқ кард. Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳамаи бозиҳои даврҳои боқимондаи марҳилаи дувуми мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳонӣ-2022 бояд то 15-уми июни соли 2021 анҷом дода шаванд. Бо тасмими Конфедератсияи футболи Осиё бозиҳои даврҳои боқимонда бояд дар санаҳои зерин доир гарданд: даври 7-ум – 25-уми март, даври 8-ум – 30-юми март, даври 9-ум – 7-уми июн ва даври 10-ум – 15-уми июн.

Ба ин тартиб, мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 25-уми март дар майдони худ бо мунтахаби Муғулистон, 7-уми июн дар меҳмонӣ бо тими миллии Ҷопон ва 15-уми июн дар хона бо мунтахаби Мянмар рақобат хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ҳоло дар гурӯҳи "F" мунтахаби Ҷопон, ки бо 12 имтиёз мақоми аввалро касб намудааст, бешак, соҳиби роҳхат ба марҳилаи баъдии мусобиқот мешавад.

Дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки ҳафтимтиёзӣ гирифтаанд, барои ҷойи дувум талош доранд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо мунтахаби Қирғизистон ҷойи дувум ва мунтахаби Тоҷикистон ҷойи севумро ишғол кардаанд. Мянмар бо шаш имтиёз дар зинаи чаҳорум ва Муғулистон бо се имтиёз дар зинаи панҷум ҷойгир шудаанд.

Дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ҳамагӣ 40 даста ширкат дорад. Ҳашт ғолиби гурӯҳ ва чаҳор дастаи нишондодҳояш хубтари ҷойҳои дувуми гурӯҳҳо ба марҳилаи севуми интихобии Ҷоми ҷаҳонӣ-2022 роҳ пайдо мекунанд, инчунин соҳиби роҳхат ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни дастаҳои ҷавонони то 19-сола дар Узбекистон аз 3-юм то 20-уми марти соли 2021 ва қаҳрамонии футзали Осиё дар Кувайт аз 23-юми март то 3-юми апрел доир мегарданд.

Кумитаи иҷроияи AFC тасдиқ кард, ки бозиҳои марҳилаи пешакии Ҷоми AFC-2021 дар минтақаи Марказӣ аз як бозӣ иборат буда, рӯзҳои 6-7-уми апрел ва даври плей-офф рӯзҳои 20-21-уми апрел баргузор мешаванд.

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми АFC соли оянда дар шакли мутамарказ сурат мегирад. Бозиҳои даври гурӯҳии дувумин мусобиқаи муҳимтарини бошгоҳӣ дар Осиё дар минтақаи Марказӣ аз 14-ум то 20-уми май доир мешавад. Бозиҳо аз рӯи системи даврӣ дар як давра барпо мегарданд.

Конфедератсияи футболи Осиё моҳи декабр пас аз натиҷаҳои литсензиякунонии бошгоҳҳо дар лигаҳои миллӣ ва ассотсиатсияҳо иштироккунандагони Ҷоми AFC 2021-ро тасдиқ хоҳад кард.

Дастаҳои "Равшан"-и Кӯлоб (барандаи Ҷоми Тоҷикистон) ва "Хуҷанд"-и Хуҷанд (барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии кишвар) ҳаққи ширкат дар Ҷоми AFC-ро пайдо намуданд.

Қаҳрамони Тоҷикистон - «Истиқлол» -и Душанбе - соли оянда дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC бозӣ хоҳад кард. Шакли мусобиқаи асосии бошгоҳии Осиё ва санаҳои бозиҳо ҳанӯз муайян нашудааст. Эҳтимолан марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 на аз моҳи апрел пештар оғоз хоҳад ёфт.

XS
SM
MD
LG