Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи футболи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар Варзишгоҳи марказии Душанбе ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё омодагӣ мебинад.
Ба ҷамъомади таълимиву тамринии даста, ки то рӯзи 30-юми ноябр идома хоҳад кард, 28 бозигар - 4 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 6 ҳамлагар - даъват шудааст.
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар қаҳрамонии Осиё миёни дастаҳои ҷавонони то 19-сола, ки аз 3-юм то 20-уми марти соли оянда дар Узбекистон барпо мегардад, дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои Малайзия, Яман ва Қатар рақобат хоҳад кард.
Чаҳор дастаи беҳтарини қаҳрамонии Осиё-2020 миёни ҷавонон ба қаҳрамонии ҷаҳон-2021, ки дар Индонезия баргузор мешавад, роҳхат мегирад.
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Душанбе:
Дарвозабонҳо: Муҳриддин Ҳасанов («Хуҷанд»), Шоҳрух Қирғизбоев, Самандар Каримов (ҳарду аз «Локомотив-Помир»), Муҳаммадрабӣ Раҳматуллоев («Барқчӣ»);
Ҳимоятгарон: Алиҷон Кароматуллозода (ССКА), Манучеҳр Сафаров, Шоҳрух Сангов, Муҳаммад Саломзода, Исроил Холов, Маҳмуд Пиров, Ҷонибек Шарипов (ҳама аз «Локомотив-Помир»), Сафиаллоҳи Назарзода («Хатлон»), Парвиз Бахтиёрзода («Регар-ТадАЗ»), Қиматшо Муъминшоев («Панҷшер»);
Нимҳимоятгарон: Абдулмуъмин Забиров («Хуҷанд»), Ҳамадонӣ Камолов («Истиқлол»), Озодбек Панҷиев, Шуҳрат Элмуродов (ҳарду аз «Локомотив-Помир»), Шерзод Дадабоев, Ҳикматило Исмоилов, Умедҷон Холиқов, Муҳаммад Буризод (ҳама аз «Барқчӣ»);
Ҳамлагарон: Рустам Соиров («Истиқлол»), Ислом Зоиров, Азизбек Ҳасанов, Парвиз Ҳоҷиев (ҳама аз «Локомотив-Помир»), Салам Ашӯрмамадов («Истаравшан»), Суннатулло Исмоилов («Хатлон»).
Сармураббӣ – Мубин Эргашев.
Коршинос бесавод аст, низоми давлатдорие, ки дигарандеширо намепазирад ва токати онро надорад, дер намепояд ва шарманда мешавад. Ин усули муборизаро даврони шурави аллакай аз сар гузаронидааст ва окибаташ маълум. Афсус он барои дигарон дарс нашудааст ва "история повторяется"!
Ба коршинос. Беҳтарин нависандаи фантасти муосири "адабиёти шуравӣ" Абдумалик Баҳорӣ (Худо раҳматаш кунад) буд. Шумо аз Ӯ гузашта наметавонед. Подоши инсон вобаста ба амалҳояш аст. Як бор корҳои ин блогерро дар ютюб тамошо кунед! : " Он вам не Димон".
Агар пули накди аз байн раваду ба чояш муомилаи гайринакди ба рох монда шавад на танхо дар бозорхо балки дар тамоми сохторхо, ин боиси кам шудани корупся низ мегардад
Ин оморро аз кучо мегирифта бошанд? Чи хел хисоб кардед мухтарам оморчиён? Ё шумо хам хатмкардаи институти саньат буда бо ягон авлод хещу таборед??? Равгани 5л 63с буд 90-100с Шакар 1кг 6.5м 11с Орд 50кг168с 240с Гушти лахм 54с 67-70с Картош 1.5-2м 2.5-4с Тухм 30шт 24с 35с ..... Асосаш ин кимат шудани нархи сузишвори аст, ки онро ширкати монополи идора мекунад ва агар онхо камтар навсро доранду аз осмон камтар замин фурояд, онхо метавонанд 25-30% нархи сузишвориро кам кунанд, ки ин автомати нархи дигар махсулотро поён барад. Аммо афсус.... осмон баланд, замин сахт, авлод гушна, гушнаи сернашаванда.
Худут коршиноси раками як хасти . Чои ту кор дар СММ