Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пизишке, ки дастури рухсат додани беморони COVID-19-ро рад карда буд, вазифаи нав гирифт


Собирҷон Собиров, сартабиби Бемористони вилоятии Суғд, ки моҳи май дастури ба хонаҳояшон рухсат додани беморони коронавирус ва илтиҳоби шушро иҷро накард ва бо хоҳиши худ тарки вазифа намуд, рӯзи шанбеи 21-уми ноябр сартабиби яке аз бемористонҳои Хуҷанд таъйин шуд.

Ӯ ин дафъа сардухтури Маркази бемориҳои дил дар шаҳри Хуҷанд таъин гардид. Собиров рӯзи 26-уми ноябр дар сӯҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ гуфт, аз субҳи рӯзи шанбе ба кор оғоз кард. "Ман довталаб набудам, раиси вилоят таъйин карданд, қабул кардам. Чунки худам аслан духтури дил ҳастам".

Ҳамкорони нави Собиров ӯро гарм пазируфтаанд. Яке аз онҳо, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, сартабиби нав мутахассиси ботаҷрибаву кордон аст ва умедворанд, ки дар мудирияти беморхонаи дил муваффақ хоҳад шуд.

Собирҷон Собиров гуфт, ки баъд аз сабукдӯш шуданаш аз вазифаи сардухтури беморхонаи вилоятӣ, шаш моҳ бекор буд.

Номи ин табиби суғдӣ моҳи майи соли равон сари забонҳо шуд. Ӯ дастури мақомотро, ки пеш аз боздиди эҳтимолии намояндагони СҶТ аз ин шифохона беморонро ба хонаҳояшон ҷавоб диҳад, рад кард ва бо хоҳиши худ тарки вазифа намуд.

Собирҷон Собиров он вақт дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҷузъиёти тарки вазифа карданашро ошкор накард ва танҳо гуфт, ки рафтан аз вазифа, маънии тарки касбу кор карданашро надорад. Ӯ дар сӯҳбат бо хабарнигори "Азия-Плюс" гуфта буд, "барои хидмат ба мардум дар ҳама ҷо ва дар ҳар замон омода ҳастам."

Вале он замон як ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ ба далели фош нашудани номаш гуфта буд, мақомот ба Собиров дастур додаанд, ки пеш аз боздиди эҳтимолии намояндагони СҶТ аз ин бемористон, беморонро ба хонаҳояшон ҷавоб диҳад, вале ӯ рад кард.

Ба қавли ин манбаъ: "Собиров гуфтааст, наметавонад ба ҳайси табиб беморонро ҷавоб диҳад. Агар хоҳанд, вазифаашро гиранд. Ночор аризаи аз кор рафтанро навиштааст. Мақомот бо ин роҳ ӯро аз вазифа сабукдӯш кардаанд".

Бемористони вилоятии Суғд, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, охири моҳи апрел ба табобатгоҳи махсуси беморони коронавирус ва пневмония табдил шуд ва даҳҳо беморон аз маркази вилоят ва шаҳру ноҳияҳои вилоят бистарӣ буданд.

То ин вақт мақомот сабаби аз кор рафтани Собировро шарҳ надоданд.

Ӯ қаблан вазифаи сардори Раёсати тандурустии Суғд, сипас сардухтури бемористони вилоятиро бар ӯҳда дошт.

Беморхонаи дил дар шаҳри Хуҷанд пас аз навсозӣ бо маблағи 6 миллион сомонӣ моҳи сентябри ҳамин сол бо иштироки президент Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бемористон дорои 200 рахти хоб барои беморон мебошад.

XS
SM
MD
LG