Бозигари тими «Барселона»-и Испания ва мунтахаби Аргентина Лионел Месси дар садри рӯйхати сердаромадтарин футболбозони мавсими 2019/20, ки онро маҷаллаи “France Football” тартиб додааст, қарор дорад.
Нашрия дар асоси маълумотномаи худ маоши солонаи футболбозон, таблиғ ва дигар даромади тиҷоратиро дар мавсими 2019/20 ба ҳисоб гирифтааст.
Даромади Месси 131 миллион евроро ташкил медиҳад. Тақрибан аз се як ҳиссаи ин маблағ аз таблиғ ва кор бо брендҳо, ба монанди Adidas, Pepsi, Mastercard ва ғайра рост меояд.
Мақоми дувумро дар рӯйхати сарватмандтарин футболбозон ҳамлагари бошгоҳи “Ювентус”-и Италия ва тими миллии Португалия Криштиану Роналду бо 118 миллион евро ишғол мекунад.
Ҳамлагари бошгоҳи «Пари Жен-Сермен» (ПСЖ)-и Фаронса ва тими миллии Бразилия Неймар, ки дар як мавсим 95 миллион евро даромад кардааст, дар ҷойи севум мебошад.
Бояд гуфт, ки фарқи байни се пешсаф ва ҳафт бозигари сердаромадтарини дигар назаррас аст. Чунончи, бозигари “Реал”-и Испания Гарет Бэйлии уэлсӣ, ки дар зинаи чорум қарор дорад, дар мавсим 38,7 миллион евро ва ҳамлагари тими «Барселона» Антуан Гризмани фаронсавӣ, ки дар ҷои панҷум аст, 38,5 миллион евро ба даст овардаанд.
Нашрия қайд мекунад, ки аз соли 1999, замоне ки феҳристи аввал тартиб дода шуда буд, даромади бозигарон қариб даҳ маротиба афзудааст. Масалан, пешсафи рӯйхати соли 1999 Роналдои бразилӣ камтар аз 11 миллион евро ба даст оварда буд.
Инчунин дар феҳристи мураббиёни сермаоштарин сармураббии бошгоҳи "Атлетико" -и Испания Диего Симеонеи аргентинӣ бо 40,5 миллион евро дар як мавсим дар мақоми аввал аст. Баъди ӯ дар феҳрист Антонио Контеи итолиёвӣ аз тими «Интер»-и Милан (30 миллион евро) ва Хосеп Гвардиолаи каталонӣ аз дастаи «Манчестер Сити»-и Англия (27 миллион евро) қарор доранд.