Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Пуштибонии қавӣ"-и сарони кишварҳои G20 аз Бозиҳои олимпии Токио ва Пекин


Бозиҳои олимӣ дар Ҷопон бинобар паҳншавии КОВИД-19 як сол ба таъхир афтод.
Бозиҳои олимӣ дар Ҷопон бинобар паҳншавии КОВИД-19 як сол ба таъхир афтод.

Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) Томас Бах дар саммити “Бистгонаи бузург” (G20), ки бо ташаббуси Арабистони Саудӣ ташкил ва тариқи онлайн сурат гирифт, суханронӣ кард.

"Варзиш метавонад ҳаётро наҷот диҳад. Дар ҷараёни ин бӯҳрони коронавирусӣ, ҳамаи мо дидем, ки варзиш барои солимии ҷисмонӣ ва рӯҳӣ то чӣ андоза муҳим аст, - гуфт Бах ҳангоми суханрониаш дар саммит, ки онро сайти расмии КБО иқтибос овардааст. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ инро бо имзои як созишномаи ҳамкорӣ бо КБО эътироф кардааст. Ғайр аз ин, мо омода ҳастем, ки дар маъракаи эмгузаронии ҷаҳонӣ саҳмгузор бошем".

Раҳбари КБО афзуд, "мо аз ин бӯҳрон як дарси муҳим омӯхтем: ба ҳамбастагии бештар ниёз дорем. Ҳамбастагии бештар дар дохили ҷомеаҳо ва ҳамбастагии бештар дар байни ҷомеаҳо. Мо ба зудӣ ин намоиши якдилиро дар Бозиҳои мавқуфгузоштаи олимпӣ ва паралимпии Токио-2020 ҷашн мегирем. Ин бозиҳо як нишони қавии ҳамбастагӣ, устуворӣ ва ваҳдати инсонӣ хоҳанд буд".

Бах аз иштироккунандагони G20 хоҳиш кард, ки бетарафии сиёсии Бозиҳои олимпӣ ва КБО-ро дастгирӣ кунанд. "Ин ба мо имкон медиҳад, ки Бозиҳои олимпӣ ва паралимпиро бидуни ҳеҷ гуна табъиз рамзи бузурги ҳамбастагии ҷаҳонӣ кунем",-гуфт Президенти КБО.

Тибқи гузориши матбуотии КБО, сарони кишварҳои G20 аз Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио ва Бозиҳои зимистонаи соли 2022 дар Пекин "пуштибонии қавӣ" карданд. "Мо азми Ҷопонро барои баргузории Бозиҳои олимпӣ ва паралимпӣ дар соли оянда дар Токио истиқбол мекунем. Мо бесаброна интизори Олимпиадаи зимистонаи Пекин дар соли 2022 ҳастем", - гуфта шудааст дар эъломияи ниҳоии саммит.

Бозиҳои тобистонаи олимпӣ мебоист соли 2020 дар Токио баргузор мешуданд, аммо 24-уми марти соли равон Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба сабаби пандемияи коронавирус ба таъхир афтодани Олимпиадаро эълон кард. Ахиран Кумитаи байналмилалии олимпӣ эълон кард, ки ин Бозиҳо дар замони муқарраршуда - соли 2021 доир мегардад.

XS
SM
MD
LG