Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии варзишгари тоҷик дар бокси ҳирфаӣ бар муштзани амрикоӣ


Меҳрубон Сангинов
Меҳрубон Сангинов

Меҳрубон Сангинов, муштзани маъруфи тоҷик, дар як набарди бокси ҳирфаӣ (M&R Boxing Promotions), ки шаби 20-уми ноябр дар шаҳри Майамии иёлати Флоридаи ИМА баргузор шуд, бар Клеотис Пендарвиси амрикоӣ ғолиб омад.

Қувваозмоӣ эҳтиёткорона оғоз ёфт. Муштзанҳо дар раунди аввал якдигарро "санҷиданд". Дар раунди дувум Пендарвис кӯшиши ҳамла кард, аммо зарбаҳои ӯ ба ҳадаф нарасиданд. Ба Сангинов муяссар шуд, ки ба зарбаҳои рақиб посух диҳад.

Даврҳои севуму чаҳорум бо бартарии комили Сангинов сурат гирифт. Ӯ Пендарвисро се маротиба ба зону шинонд. Пас аз силсилаи зарбаҳои сахту нишонраси муштзани тоҷик дастаи рақибаш тасмим гирифт, ки қувваозмоиро хотима диҳад. Ҳамин тариқ, Сангинов дар раунди чорум бо нокаути техникӣ Пендарвисро шикаст дод.

Бояд гуфт, ки Пендарвис рақиби аз ҳама пуртаҷрибаи муштзани тоҷик ба шумор мерафт. Ӯ бар ҳарифони пурзӯр дастболо шудааст, қаҳрамони Амрикост. Вай аз соли 2004 дар рақобатҳои бокси ҳирфаӣ иштирок мекунад ва ҳамагӣ 30 қувваозмоӣ карда, дар 21-тояш пирӯз шудааст, 6 мусовӣ ва 3 бохт дорад.

Сангинов бошад, аз соли 2016 ба бокси ҳирфаӣ гузаштааст. Дар ин муддат ӯ 9 рақобат баргузор карда, дар ҳашттоаш дастболо шудааст ва як қувваозмоӣ бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфтааст.

Ёдовар мешавем, Меҳрубон Сангинов соли 2017 дар набарди бокси ҳирфаӣ пас аз пирӯзӣ бар Стефен Дерстайни амрикоӣ ба унвони қаҳрамони ҷаҳон дар вазни 76,2 кило аз рӯи назари WBB даст ёфта буд. Вай ду сол пеш дар набарде муқобили мексикоӣ Фермин Канедо унвони қаҳрамони WBC миёни ҷавононро дифоъ намуд.

Дар комёбиҳои Меҳрубон Сангинов саҳми мураббиаш Сагатбек Мӯсохонов, мутахассиси қазоқ ва инчунин устоди нахустинаш Парвиз Аҳмадов бузург аст. Меҳрубон Сангинови 24-сола соли гузашта раиси Федератсияи бокси Душанбе интихоб шудааст.

XS
SM
MD
LG