Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии дӯстона аз тими миллии Узбекистон бо ҳисоби 2:4 мағлуб шуд. Ин бозӣ рӯзи панҷшанбеи 19-уми ноябр дар шаҳри Тошканд, дар толори варзишии Академияи «Бунёдкор», доир гардид.
Баъди нимаи аввали бозӣ ҳисоб баробар – 2:2 буд. Ба ду голи бозигари мунтахаби Узбекистон Акбар Усмонов узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон Парвиз Раҳматов бо ду гол посух дод. Дар нимаи дувуми дидор голҳои Анасхон Раҳматов ва Даврон Чориев ба мизбонон пирӯзӣ овард – 4:2.
Аз ин пеш дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаро бо тими миллии Қирғизистон, ки 19-уми ноябр дар шаҳри Олмалиқи Узбекистон баргузор шуд, бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дода буд.
Голи мунтахаби Тоҷикистонро Алишер Сафаров ба самар расонид. Ӯ ба голи Юлдошбой Салимбоев дар охири нимаи аввали бозӣ посух дода, ҳисобро баробар кард – 1:1. Дар 20 дақиқаи нимаи дувуми дидор ҳисоб тағйир наёфт.
Ин бозиҳои дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Александр Дзабирадзе, мутахассиси гурҷӣ, дар доираи омодагии даста ба мусобиқаи қаҳрамонии футзали Осиё баргузор шуданд. Зимнан, мунтахаби Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё, ки аз 23-юми март то 3-юми апрели соли оянда дар Кувайт барпо мегардад, дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои Туркманистон, Ветнам ва Умон рақобат хоҳад кард.
Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Қирғизистон ва Узбекистон:
Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Сипар»-и Хуҷанд), Муродулло Алиқулов («Соро компания»-и Душанбе), Нуриддин Ҷабборов («Муҳоҷир»-и Душанбе);
Бозигарони майдонӣ: Дилшод Саломов, Баҳодур Хоҷаев, Алишер Сафаров, Раҳмоналӣ Шарипов, Парвиз Раҳматов (ҳама аз «Сипар»), Рустам Ҳамидов, Некрӯз Алимаҳмадов, Идрис Ёров (ҳарсе аз «Соро компания»), Самандар Ризомов, Бахтиёр Солиев, Некрӯз Идиев (ҳарсе аз «Муҳоҷир»).
Сармураббӣ – Александр Дзабирадзе (Гурҷистон).
Бозиҳои дӯстона
Қирғизистон – Тоҷикистон – 1:1
Голҳо: Юлдошбой Салимбоев, 6 (1:0). Алишер Сафаров, 20 (1:1).
18-уми ноябр. Олмалиқ. Маҷмааи варзишии АГМК.
Узбекистон – Тоҷикистон – 4:2
Голҳо: Акбар Усмонов (2), Анасхон Раҳматов, Даврон Чориев – Парвиз Раҳматов (2).
19-уми ноябр. Тошканд. Толори варзишии Академияи «Бунёдкор».